Previous Next

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОН

Таҳти ҳамин унвон санаи 3 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода оғоз шуда, ҳозиринро бо фарорасии ин санаи мубораку фархундаи таърихӣ самимона муборакбод намуд.

Зикр шуд, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои  роҳбарияти олии кишвар илми ватанӣ, сиёсати аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, заминаҳои устувори таҳқиқоти бунёдиву амалӣ фароҳам оварда шудаанд.

Сипас, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъмат дар мавзуи “Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он” ба таври муфассал баромад намуд. Мавсуф дар маърузаи худ роҷеъ ба пайраҳаи тайнамудаи давлати соҳибистиқлол, нақши таърихии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлатдории миллӣ ва таъмини сулщу субот суханронӣ кард. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар давоми 35 соли охир маҳз натиҷаи афкори фарзона ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошанд, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба сифати як давлати ташаббускору сулҳхоҳ муаррифӣ намудаанд.

Дар идомаи суҳбат баромади аъзои Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар мавзуи “Нақши Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории миллӣ” шунида шуд. Ӯ қайд кард, ки озодӣ ва соҳибихтиёрӣ неъмати бебаҳоест, ки ҳифзи он масъулияти бузурги фарзандӣ ва ватандӯстиро аз ҳар як шаҳрванди кишвар, бавижа наслҳои ҷавон ва зиёиёни ҷомеа, талаб менамояд.

Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ ба як қатор намояндагони соҳаҳои гуногун шаҳодатномаҳо, инчунин, дипломҳои дараҷа ва унвонҳои илмӣ супурда шуд.

Ҳамзамон, ба муносибати 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои саҳми арзанда дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои назарраси истеҳсоливу соҳибкорӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникии Комиссия Гулзода Аҳлиддин ва сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои  гуманитарии Комиссия Бобошоҳзода Маҳмадшариф бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудаанд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org