Риояи меъёрҳои забон – талаби муҳимми таҳияи диссертатсия

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи унвонҷӯён, докторантони фалсафа (PhD), муҳаққиқон, роҳбарон (мушовирон)-и илмӣ мерасонад, ки ҳангоми таҳияи диссертатсия ва автореферати диссертатсия риояи меъёрҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ яке аз талаботи муҳими фарҳанги навиштори илмӣ мебошад.

Бо вуҷуди таъкидҳои чандинкарата, дар диссертатсияҳо ва авторефератҳои ба баррасӣ воридшаванда ҳанӯз ҳам камбудиҳои имлоӣ, грамматикӣ, услубӣ ва китобатӣ ба назар мерасанд, ки ба дарки дурусти мазмуну муҳтавои таҳқиқоти илмӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Бо дарназардошти ин, таъкид карда мешавад, ки пеш аз пешниҳоди диссертатсия ба шурои диссертатсионӣ матни он аз нигоҳи имло, грамматика, услуб, истилоҳшиносӣ ва аломатҳои китобат ҳамаҷониба таҳрир карда шавад.

Махсусан, истифодаи дурусти ҳарфҳои хоси алифбои тоҷикӣ, аз ҷумла «ғ», «қ», «ҳ», «ҷ», «ӯ» ва «ӣ», инчунин, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва услуби илмӣ бояд таъмин карда шавад. Аз истифодаи калимаю ибораҳои ғайриадабӣ, гуфтугӯӣ, лаҳҷавӣ, тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ ва ифодаҳои ба услуби илмӣ номувофиқ худдорӣ бояд кард.

Риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ танҳо талаботи шаклӣ набуда, ҷузъи муҳимми фарҳанги илмӣ, масъулияти касбии муҳаққиқ ва нишондиҳандаи сатҳу сифати кори илмӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як диссертатсия ва автореферат бояд аз ҷиҳати мазмун ва шакли баён ба талаботи илмӣ ва меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ҷавобгӯ бошад.

Забони дақиқу меъёрӣ - ифодагари андешаи илмӣ ва фарҳанги касбии муҳаққиқ аст.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org