«Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Арзишмандтарин ва волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи давлатдории миллӣ соҳиб шудан ба истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар давраи муқовиматҳои шадиди сиёсӣ Иҷлосияи дуввуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Соҳибистиқлолие, ки дар ин санади таърихӣ эълон шуда буд, ҳанӯз «соҳибистиқлолӣ дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ» маҳсуб мешуд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳамаи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро, ба истиснои масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ дода мешуданд, мустақилона ҳал мекард.
Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқии он як давраи инкишофи ғайричашмдошти таърихӣ буд. Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози рӯзҳои вопасини ин давлати абарқудрат дарак медод. Акнун ҷумҳуриҳо муҳтавои истиқлолияти сиёсиро дар ин марҳала дарк намуда, барои ба даст овардани истиқлолияти комил саъй ва талош менамуданд. Чун ин таҳаввулоти сиёсӣ ва раванди сиёсӣ Тоҷикистонро, низ бидуни истисно, метавонист фаро гирад, аз ин рӯ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи соли 1990 равшан эҳсос карда мешуд.
Ин вазъ дар изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, чунин баён гардидааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда … мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад»
9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва дар натиҷа воқеияти истиқлолияти Тоҷикистон ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида шуд.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик, асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Ҷашни 35-солагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст.
Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз фоҷиа ва монеаву мушкилот буд, вале зери роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳою пуштибониҳои ҳамаҷонибаи мардуми кишвар ҳамаи ин мушкилоту монеаҳо паси сар шуданд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокиву саводнокии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар карда шуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди илми ватанӣ, хусусан, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди миллӣ омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ соли 2014 Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода шуд.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат муҳити мусоиди илмӣ тадриҷан ташаккул ёфт. Имрӯз ҳазорҳо олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва мутахассисон дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар фаъолият намуда, барои рушди давлат ва ҷомеа саҳм мегузоранд. Ба нишондиҳандаҳои оморӣ назар афканем, мебинем, ки шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ нисбат ба солҳои аввали истиқлол ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3210 нафар олим кору фаъолият мекард, пас ин теъдод имрӯз ба 6978 нафар расидааст. Синну соли миёнаи доктори илм ба 64, номзади илм ба 50 ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ба 31 рост меояд. Ин раванд нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи давлат ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос пайваста зиёд мегардад.
Бо дарназардошти он ки рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кард, ки ҳоло амалисозии чорабиниҳои он идома дорад.
Ҳамчунин, бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон чанд сол боз озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» давом дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намудаанд, ки “дар ҳазораи нав, яъне дар асри пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо давлатро бо низоми асримиёнагӣ ва хурофоту тафаккури ақибмонда обод кардан ғайриимкон аст”.
Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим, дар тӯли таърихи беш аз 6000 – солаи мавҷудияти худ, соҳиби саводу дониш, девону дафтар, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне миллати фарҳангсолору тамаддунсоз мебошанд.
Ин аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин, барои тарбияи наслҳои имрӯза истифода кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор карда шуд.
Дар ин радиф корҳои илмию ҷустуҷӯйии бостоншиносӣ дар гӯшаю канори кишвар идома ёфта, бозёфтҳои нав ба нав кашф мегарданд, мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё гардид.
Бо саъю талош ва заҳмату кӯшиши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ойини воқеан мардумии мо, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни бостонии мардуми мо – Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст.
Дар ин давра «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чакан» ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Яке аз иқдомоте, ки дар ин росто амалӣ гардид, бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар ройгон дастрас намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ҳамаи ин аз баракати истиқлол аст.
Иқдоми навбатӣ дар ин самт Озмуни ҷумуриявии “Шоҳномахонӣ” мебошад, ки ба ифтихори 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ ва тақвияти муаррифии дастовардҳои миллӣ дар ҷаҳони муосир гардидааст.
Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт.
Неруи илмии кишвар низ ҳамчун зиёиёни миллӣ дар пиёда гардонидани ин ормонҳои миллӣ саҳмгузор буда, талош бар он доранд, ки барои ояндагон ҷомеаи мутамаддину озод, пешрафтаву ободро ба мерос гузоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ бахшида ба ҷашни миллии Наврӯз чунин иброз доштанд: “Бовар дорам, ки мо бо ваҳдату сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаи мардумамон ба ҳама ҳадафҳои стратегие, ки дар назди худ гузоштаем, мерасем.”
Бо боварӣ ва дилпурона метавон иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо-ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшем.
Ҷашни 35-солагии истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳозирини гиромӣ!
Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин

