Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, №591 «Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда» санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ дар таҳрири нав тасдиқ гардиданд.
Қабули ин санадҳо барои низоми илмии кишвар рӯйдоди муҳим ба шумор меравад. Зеро рушди илм танҳо ба фаъолияти олимон ва муҳаққиқон вобаста нест. Барои пешрафти устувори илм низоми мукаммал, равшан ва боэътимоди арзёбии таҳқиқоти диссертатсионӣ низ зарур аст. Маҳз чунин низом муайян месозад, ки таҳқиқоти илмӣ чӣ гуна омода, баррасӣ ва арзёбӣ гардида, ба натиҷаҳои он чӣ гуна баҳо дода мешавад.
Санадҳои нав ба ҳамин ҷанбаҳои муҳимми низоми кормандони илмии тахассуси олӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Онҳо фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, тартиби омодасозӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо, додани дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ, инчунин, бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшударо танзим менамоянд. Ҳамин тавр, талаботи марбут ба марҳилаҳои гуногуни аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ дар як низоми муназзам ва пайваста ба роҳ монда мешавад.
Муҳимияти дигари санадҳои нав ба сифати экспертиза ва арзёбии илмӣ вобаста аст. Таҳқиқоти диссертатсионӣ бояд на танҳо аз нигоҳи шакл, балки пеш аз ҳама аз рӯйи мазмун, сатҳи таҳқиқ, навгонӣ, асоснокӣ ва аҳаммияти натиҷаҳо арзёбӣ шаванд. Барои ин мавҷуд будани меъёрҳои дақиқ ва муносибати ягона ба арзёбии корҳои илмӣ аҳаммияти калон дорад.
Дар ин раванд нақши ҳар як иштирокчии низоми аттестатсия муҳим аст. Шурои диссертатсионӣ, роҳбари илмӣ, муассисаи илмӣ ё таълимӣ, эксперт ва худи муҳаққиқ дар назди сифати кори илмӣ масъулияти муайян доранд. Аз ин рӯ, санадҳои нав на танҳо тартиби корро муайян мекунанд, балки ба баланд бардоштани масъулияти касбии ҳамаи иштирокчиёни ин раванд низ мусоидат менамоянд.
Барои муҳаққиқон ва унвонҷӯён низ шиносоӣ ба талаботи нав аҳаммияти махсус дорад. Донистани меъёрҳои муқарраргардида имкон медиҳад, ки диссертатсия аз марҳилаи интихоби мавзуъ то омодасозӣ ва ҳимояи он бо риояи талаботи муайян таҳия гардад. Ин, дар навбати худ, ба пешгирии камбудиҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқот ва самаранокии раванди ҳимояи диссертатсия мусоидат мекунад.
Барои шуроҳои диссертатсионӣ ва муассисаҳои илмӣ бошад, татбиқи санадҳои нав дар баррасӣ ва арзёбии таҳқиқоти диссертатсионӣ масъулияти бештарро тақозо менамояд. Муҳим аст, ки ҳар як диссертатсия бояд бо риояи меъёрҳои муқарраргардида ва масъулияти илмиву касбӣ таҳия шавад. Танҳо дар чунин ҳолат метавон сатҳу сифати кормандони илмии тахассуси олиро баланд бардошт.
Дар маҷмуъ, санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ барои ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани низоми аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ заминаи муҳим фароҳам меоранд. Ҳадафи асосии татбиқи онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳияи таҳқиқоти диссертатсионии босифат, арзёбии одилона ва асосноки дастовардҳои илмӣ ва омодасозии сатҳи баланди кормандони илмии тахассуси олӣ мебошад.
Матни пурраи санадҳои тасдиқгардида дар Китобхонаи электронии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст. Алоқамандон метавонанд барои шиносоӣ бо матни пурраи санадҳо ва истифодаи онҳо дар фаъолияти илмӣ ва касбӣ ба Китобхонаи электронии мазкур муроҷиат намоянд.
Китобхонаи электронии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: http://vakpoygohidodaho.tj/elibrary/sanad/sanad.php

