Previous Next

Эҳтиром ба омӯзгор-эҳтиром ба ояндаи миллат

Муҳтарам устодону омӯзгорон!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни касбӣ-Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният намуда, ба ҳамаи Шумо саломатии комил, рӯзгори осуда, саодатмандӣ, неруи тоза ва дар роҳи фаъолияти илмию омӯзгорӣ дастоварду комёбиҳои нав ба навро таманно дорам.

Дар замони соҳибистиқлолӣ  ва дар шароити имрӯзаи рушди босуръати кишвар, таҷлили Рӯзи омӯзгорон ба рамзи бузургдошти мақоми омӯзгор ва эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати аҳли маориф ва олимон табдил ёфтааст, ки дар таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир саҳми арзанда доранд.

Ҳар инсон дар зиндагӣ ба роҳнамо, устод, мураббӣ ва касе ниёз дорад, ки ӯро ба роҳи рост ҳидоят намуда, ба соҳили мурод расонад. Дар ин самт омӯзгорон нақши асосиро мебозанд. Бе омӯзгор ҷомеа рушд намекунад ва аҳли башар аз маърифат дур мемонад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.

Яъне дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад.

Дар замони имрӯза, омӯзгор бояд на танҳо донандаи фанни хеш, балки мутахассиси дорои ҷаҳонбинии васеъ, малакаи кор бо технология ва тавоноии равоншиносӣ бошад. Шогирдро бояд на танҳо барои имтиҳон, балки барои зиндагӣ омода кунад. Омӯзгор беш аз пеш бояд илмшинос, фарҳангсоз, тарбиягар ва психолог бошад. Дар воқеъ, ӯ дигар танҳо «муаллим» нест, балки роҳбари маънавии як насл аст.

Аз замонҳои қадим омӯзгор дар фарҳанги тоҷик ҳамчун меҳвари маърифат шинохта шудааст. Чунон, ки Устод Айнӣ менависад: «Муаллим чароғест, ки бо сӯхтани худ роҳи дигаронро равшан мекунад».

Рӯзи омӯзгорон ин на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рӯзи арҷгузорӣ ба шахсоне аст, ки бо муҳаббат ва масъулияти баланди касбӣ барои тарбия ва омӯзиши насли наврас заҳмат мекашанд. Муаллим мисли шамъест, ки месӯзад, то дигаронро рӯшанӣ бахшад. Вай нафарест, ки ба дидаҳо нур ва дилҳо сурур мебахшад. Беҳуда ӯро шамъи базми ақлҳову равшангари шоми шогирдон нагуфтаанд.

Ниёгони мо мақому манзалати омӯзгоронро ҳамеша баланд бардошта, таълимро калиди ҳар гуна пешрафт медонистанд. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомaлӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: “Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ хуб дарк мекардем, ки ояндаи давлат ва миллат, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии наслҳои нав вобаста мебошад”.

Бовар дорам, ки омӯзгорону устодон ва аҳли маорифи кишвар рисолати касбии худро дар таҳкими пояҳои илми ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа бо масъулияти дучанд идома медиҳанд.

Бори дигар кулли устодону омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёну толибилмонро ба ифтихори ҷашни касбӣ табрик гуфта, ба шумо сиҳатии комил, рӯзгори осуда, хотири ҷамъ ва дар фаъолияти илмию эҷодӣ дастовардҳои навинро орзу менамоям.

Сайфиддин Давлатзода, Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org