Дар остонаи таҷлили Рӯзи омӯзгорон, намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супоришҳои роҳбарияти Комиссия ва пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори соҳаи илму маориф Маҳмадулло Луфтуллозодаро аёдат намуданд.
Зимни мулоқоти самимӣ, ки дар фазои гарму руҳбаландкунанда сурат гирифт, намояндагони Комиссия паёми табрикотӣ, таманниёти нек ва туҳфаҳои идонаи роҳбариятро ба устод расониданд. Таъкид гардид, ки кору пайкори чандинсола ва хидматҳои шоёни Маҳмадулло Луфтуллозода дар рушди илми ватанӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос намунаи барҷастаи садоқат ба касб мебошад.
Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи арҷгузорӣ ба меҳнати собиқадорон ва дастгирии омӯзгорону олимон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Таҷриба ва мактаби ҳаётии чунин шахсиятҳои шинохта сарчашмаи муҳими омӯзиш барои насли ҷавони муҳаққиқону омӯзгорон маҳсуб меёбад.
Дар навбати худ, собиқадори соҳа Маҳмадулло Луфтуллозода аз таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва эҳтироми доимии роҳбарият ва кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ изҳори сипосу миннатдории амиқ баён намуд. Дар суҳбати самимӣ хотираҳои рангини фаъолияти гузаштаро ёдовар шуда, ҷиҳати боз ҳам ба сатҳи сифатан нав баровардани фаъолияти илмию таълимӣ ва тарбияи шогирдони соҳибмаърифат маслиҳатҳои муфиди ирао намуд.

