Previous Next

ЭҲТИРОМ БА ЗАБОНУ БА ОМӮЗГОР

2 октябри соли 2026 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид.

Чорабиниро раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки забони тоҷикӣ ганҷи бебаҳо ва рукни асосии давлатдории миллати тоҷик аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоистаи худро пайдо кард. Ҳамзамон, хизматҳои шоёни омӯзгорону устодон дар тарбияи насли солимфикр ва пешрафти илми тоҷик беназир арзёбӣ гардиданд.

Дар қисми илмии чорабинӣ Ҳокимхон Вализода – мудири бахши таҳияи лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Забон – ҳастии миллат ва рукни давлатдорӣ” баромад карда, оид ба арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пос доштани арзишҳои забони модарӣ андешаронӣ намуд.

Сипас, Мавзуна Каримзода – мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ бо маъруза таҳти унвони “З-ин рӯ бузург ҳастӣ, мисли падар, муаллим” суханронӣ карда, доир ба нақши устод ва заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгор дар роҳи маърифатофарӣ андешаҳои худро баён дошт.

Мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Суҳроб Ҷурахонзода ва сармутахасисси шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ Таманно Шарипова дар идомаи суханронии маърузачиён, ҳамкоронро ба ҷашнҳои муҳим табрик намуданд.

Чорабинии мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум, ифтихори ватандорӣ ва эҳтиром ба забону омӯзгор ба анҷом расида, ба таҳкими руҳияи худшиносии кормандони муассиса мусоидат намуд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org