Previous Next

АРҶГУЗОРӢ БА МЕҲНАТИ СОБИҚАДОР

Дар остонаи таҷлили Рӯзи омӯзгорон, намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супоришҳои роҳбарияти Комиссия ва пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати собиқадори соҳаи илми биология, олими шинохта Муҳиба Яқубова рафтанд.

Зимни мулоқоти самимӣ, намояндагони Комиссия паёми табрикотӣ, таманниёти нек ва туҳфаҳои идонаи роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсиониро ба устод расониданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти чандинсолаи илмӣ-омӯзгории Муҳиба Яқубова дар рушди соҳаи илми биология, таҳқиқи масъалаҳои муҳими биологӣ, омодасозии мутахассисони соҳибкасб ва тарбияи олимону омӯзгорон беназир аст. Корномаи илмии чунин олимони собиқадор намунаи садоқат ба касб, муҳаббат ба илм ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Дар навбати худ, собиқадори соҳа Муҳиба Яқубова аз таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва эҳтироми роҳбарият ва кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ изҳори сипосу миннатдории амиқ намуд. Дар суҳбати самимӣ ӯ аз хотираҳои ҷолиби фаъолияти илмӣ ва омӯзгории хеш нақл намуда, дар бораи аҳамияти таҳқиқоти биологӣ, рушди мактабҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос андешаҳои судманд иброз намуд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org