ЗАБОНИ МИЛЛӢ ПОЯИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ АСТ

Бузургони мо дар дарозои таърих ҳамеша ба сухану калом таваҷҷуҳ доштаанду онро эҳтиром намудаанд. Байти зерин баҳои арзанда ба калому сухан ва ҷойгоҳи он дар рӯзгори мардумон аст:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?

Забони миллии адабӣ дар баробари ҳудуди ягона, робитаҳои иқтисодӣ, ва фарҳангу анъанаҳои ягона аз ҷумлаи он хусусиятҳои вижаи халқият аст, ки пояи бунёди миллатро дар ҷомеа ҷаҳонӣ фароҳам меоварад. Яъне, забони адабӣ яке аз нишонаҳои асосии миллат дониста мешавад, ки дар давраи тӯлонии таърих ташаккул ёфтаву устувор гардидааст. Маҳз, забони адабии миллӣ яке аз арзишҳои аслие ба шумор меравад, ки дар таҳкими ваҳдату ягонагии миллат нақши созандаеро соҳиб мебошад

Забон ба иловаи рисолати миллатсози хеш аз ҷумлаи он арзишҳои иҷтимоиест, ки дар бунёди фарҳангу тамаддуни миллат, дар шаклгирии ғояи худшиносӣ, дар истиқрори давлатдории миллӣ нақши нотакрореро мебозад. Нақши забони миллии  адабӣ ҳамчун нишонаи асосии миллат дар он низ зоҳир мегардад, ки яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ буда, арзишҳое бунёди фаъолияти онро дар мисоли ваҳдат, ягонагӣ ва умумияти миллӣ таъмин месозад.

Забони модарии мо - забони тоҷикӣ, ё ба истилоҳ, форсии дарии тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимтарини ҷаҳон аст, ки бо бузургиву сарвати маънавии хеш аҳли хирад ва маърифатро дар арсаи олам тасхир кардааст.

Васфи забони тоҷикӣ ё форсии дариро ҳазор сол қабл нобиғагони миллати мо дар шеъру каломи хеш сурудаанд. Масалан, Сӯзании Самарқандӣ бо ишора ба назокату нафосати забони форсии дарии тоҷикӣ фармудааст:

Сифоти рӯйи ту осон бувад маро гуфтан,

Гаҳе ба лафзи дариву гаҳе ба шеъри дарӣ!

Аз Хоқонӣ:

Дурри дарӣ, ки хотири Хоқонӣ оварад,

Қимат ба базми Хусрави воло барафканам.

Имрӯз барои рушди ҳаматарафаи забони миллии мо ҷомеаи маърифатпарвари тоҷик таҳти сарварии Президенти муҳтарами ҶТ Эмомалӣ Раҳмон  забони тоҷикиро чун падидаи арзишмандтарини даврони Истиқлол бо мақоми бузурги расмиву давлатӣ таъмин намудаанд, ки он дар ҳама самту соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба шакли мукаммал истифода мегардад. Маҳз дар ин замина шароит ба миён омад, ки фаъолияти забони давлатӣ дар ҳама ҷанбаҳо таъмин гардад ва ташаккули истилоҳоти ин соҳаҳо бо суръати баланду сифати хуб арзи вуҷуд намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эомалӣ Раҳмон ба таърихи миллат, ба фарзандони бузурги миллати тоҷик ва осори онҳо, ба сарвати ҳазорсолаи маънавӣ ва ғайримоддии миллат дар партави қудрату тавоноии забони миллӣ таваҷҷуҳи хосса равон намудаанд. Дар баробари осори садҳо олимону муҳаққиқони дигар асарҳои бунёдии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат - ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайраро номбар кардан мумкин аст, ки барои боло бурдани мақому эътибори миллати куҳанбунёду ҷавонбахти мо ва забони миллии тавонбахши он нақши нотакрор ва оламшумул гузоштаанд.

Сокинони Тоҷикистон аз он  ифтихор доранд, ки Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба забони адабии миллӣ ҳамеша ғамхорӣ зоҳир мекунад, балки дар корбурди забони давлатӣ дар ҷанбаҳои дохиливу хориҷии фаъолияти кишвар, дар ҷодаи таҳқиқу омӯзиши забони милливу давлатии мо саҳми назаррасе мегузоранд.

Дар асари бунёдии “Забони миллат - ҳастии миллат”  нақши забони тоҷикӣ дар сарнавишти давлату миллати мо хеле равшан ва барҷаста инъикос ёфтааст. Дар он забони тоҷикӣ дар радифи он омилҳое ҷой дода шудааст, ки миллати моро аз нестӣ наҷот додааст: “Дар саргаҳи он омилҳои ҳастисоз забони тоҷикии форсии дарӣ қарор дошт, ки вуҷуди он гузаштаи халқҳои эрониро ба даврони исломии халқҳои Эронзамин бипайваст ва нагузошт, ки миёни ин ду марҳилаи аз нигоҳи ҷаҳоншиносии динӣ ба ҳам мухолиф фосила ва гусастагии маънавӣ пайдо шавад”(Ҷ.1., с.175).

 Дар ин давраҳои душвор маҳз забони тоҷикӣ, ё ба истилоҳ, форсии дарӣ, гарави муттаҳидиву ягонагии халқи тоҷик ва рушду тараққии фарҳангу маънавиёти он будааст. Маҳз забон он ҷавҳару он меҳваре будааст, ки вуҷудаш андешаи  ягонагии миллӣ, рӯҳияи ваҳдату истиқлолияти миллиро замина гузоштааст, барои иқдомҳои бузургу тақдирсоз дар миқёси кишвару миллат нерӯву тавон фароҳам овардааст, ки дар заминаи он халқиятҳои дигари минтақа низ фарҳангу маънавиёти хешро бунёд намудаанд. Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид андешаи ҷолибу амиқе изҳор намудаанд: «Халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо тайи садсолаҳо бо ин силоҳи пуртавон, яъне забони модарии ширину дилнишини худ, на танҳо мардуми ҳамнажоду ҳамфарҳанг, балки қавму қабилаҳои гуногунро дар домани забону фарҳанги оламгири худ парвард ва дар пешрафти илму фарҳанги умумибашарӣ нақши муассиру мондагор гузошт» (Ҷ.1, с.363).

Дар мисоли таърихи давлатдории тоҷикон мо шоҳиди он ҳастем, ки забони тоҷикӣ чун унсури асосии барпо сохтани давлат, ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ хизмат кардааст.

Маҳз забони тоҷикии форсии дарӣ буд, ки андешаи ватани бузурги ориёиро, андешаи ваҳдату ягонагии марзи бекаронро, андешаи ватандӯстиро дар минтақаи пурвусъати кору пайкори миллати бостонии мо ба сифати як сутуни устувори миллат, як меҳвари нерӯманд ба шууру мардуми мо мерасониду ҷо мекард.

Дар китоби “Забони миллат - ҳастии миллат” ин маънӣ хеле муъҷазу пурмазмун ва бамаврид баён гардидааст: “Аз ин рӯ, [Сомониён] забони тоҷикии форсии дариро, ки забони мардуми бумии Хуросон буд, забони расмии давлати худ қарор дода, ба адибону олимон ба назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро ба ин забон нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардон намоянд. Дар натиҷа забони модарӣ миёни хосу ом, яъне дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа мавқеи устувор пайдо кард ва ба иҷрои нақши иҷтимоию ваҳдатофари худ муваффақона шурӯъ намуд, ки иҷрои ин рисолатро бо сарбаландӣ то ба рӯзгори мо идома медиҳад”(Ҷ.1, с.271).  

Дар рушду инкишофи забони тоҷикии форсии дарӣ, бозтоби нерӯи созандаи он, нақши он дар яктану якдил сохтани мардуми тоҷик ва дигар мардумони ориёинажод, интишори достонҳои бостонии суғдиву бохтариву хоразмӣ, инъикоси арзишҳои фарҳанги ориёӣ дар заминаи “Авасто” нақши бузургу нотакроре ба Абулқосими Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ҷовидонаи ӯ тааллуқ дорад.

Яке аз иқдомҳои бамавриду арзишманди роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат Эомалӣ Раҳмон бузургдошти Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и безаволи ӯ мебошад. Ба миқдори 1 700 000 ҳазор нусха чоп кардан ва ба хонаводаҳои тоҷикону тоҷикистониён тақсим кардани он нишонаи эътибору эҳтиром ва садоқати Пешвои миллат Эомалӣ Раҳмон ба забону маънавиёти миллии мо мебошад, зеро бешак:

       “Шоҳнома” ҳаст беиғроқ Қуръони Аҷам,

       Рутбаи донои Тусӣ рутбаи пайғамбарист!

Ниҳоду меҳвари волотарини “Шоҳнома” забони порсии дарии тоҷикист, забоне, ки дунёи Аҷамро баъди забту истилову харобиҳои моддиву маънавӣ аз нав зиндаву эҳё кардааст, забоне, ки қудрату тавоноии ҷаҳони ориёиро бори дигар ба аҳли олам баён ва намоён сохтааст. Ин аст баҳои бузургтарин ба забони порсии дарии тоҷикӣ!

Маҳз Фирдавсӣ бо танзими ҳамосаи бузурги “Шоҳнома” ба ҷаҳониён нишон дод, ки ҳанӯз он замон ва қабл аз он замон забони фасеҳу ширину муқтадири тоҷикии порсии дарӣ имкони баёни ҳама мазмуну мавзуъро соҳиб аст, решаҳои амиқе дар симои забонҳои бостонии суғдиву паҳлавӣ, бохтариву хоразмӣ дорад ва он нерӯи тавонову воситаи муоширату мубодилаест, ки дар муқобили забони арабӣ пойбарҷо буда метавонад ва рисолати ваҳдатофариниву ба ҳам овардани мардумону кишварҳои гуногуни ориёиро бар дӯш дорад.

       Сиккае, к-андар сухан Фирдавсии тӯсӣ нишонд,

       Ту мапиндорӣ, ки кас аз зумраи фурсӣ нишонд.

Аввал аз болои курсӣ бар замин омад сухан,

Ӯ дигар бораш ба боло бурду бар курсӣ нишонд!

Истиқлолияти воқеии миллӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талошу заҳматҳои роҳбарияти давлат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бузургдошти забони модарӣ, сиёсати давлатии тарғибу густариши арзишҳои миллӣ шароит фароҳам овардааст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун арзиши асил ва омили ваҳдату ягонагии  миллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи боз ҳам устувортареро соҳиб гардад. Ин сиёсат барои рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ заминаи устувору созанда мегузорад ва ҳамаи сарватҳои маънавии ба ин забон эҷодшударо зери ҳимояи давлату низоми қонунгузорӣ  қарор медиҳад.

Бо камоли самимият ва мамнуният ҳамаи шуморо бо Ҷашни забони миллӣ, бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям ва дар ниҳояти сухан навиштаи маъруфи Сарвари азизамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба ёд меоварем ва тибқи он кору рӯзгор пеш мебарем:

“Аҳли олам моро бо номи “тоҷикон”, давлатамонро бо номи “Тоҷикистон” ва забонамонро бо номи “забони тоҷикӣ” мешиносанду эътироф мекунанд”.

Вализода Ҳокимхон Сафолиён,
мудири бахши таъмини лоиҳаи грантҳо ва муносибатҳои байналмилалии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org