Previous Next

ТАРТИБИ КОРБАРӢ ДАР ШАБАКАИ МАШВАРАТИ ИЛМӢ

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили пайвастаи дониш ва малакаҳои кормандон, баланд бардоштани сатҳи маърифати иттилоотию касбӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири кор баргузории чорабиниҳои омӯзишию маърифатиро идома дода, ба рушди муҳити кории донишмеҳвар ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд.

Вобаста ба ин, 9 октябри соли 2026 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои соҳавӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва густариши истифодаи имкониятҳои муосири иттилоотӣ хониши идоравӣ баргузор гардид.

Хониши идоравӣ бо сухани ифтитоҳии раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода оғоз ёфт.

Зимни сухани ифтитоҳӣ ба аҳаммияти омӯзиши тартиби корбарӣ дар шабакаи машварати илмӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотии кормандон ва истифодаи самараноки воситаҳои муосири иртибот дар фаъолияти касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ сармутахассиси бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Меҳрдод Ёров дар мавзуи «Тартиби корбарӣ дар шабакаи машварати илмӣ» маъруза намуд. Дар маъруза масъалаҳои марбут ба тарзи дурусти истифодаи шабакаи машварати илмӣ, имкониятҳои он барои табодули иттилоот, дарёфти машваратҳои зарурӣ ва тақвияти ҳамкориҳои касбию илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба нақши истифодаи босамари чунин имкониятҳо дар беҳтар намудани раванди кор, дастрасӣ ба иттилои зарурӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ истифодаи дурусту ҳадафманди шабакаҳои машваратии илмӣ яке аз омилҳои муҳими такмили фаъолияти касбӣ, таъмини мубодилаи саривақтии иттилоот ва таҳкими робитаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баргузории чунин хонишҳои идоравӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон, ташаккули фарҳанги истифодаи технологияҳои муосир ва беҳтар намудани сифати иҷрои вазифаҳои хизматӣ аҳаммияти хосса дорад.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org