23 октябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон конфренсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Усулҳои инноватсионии рушди илму истеҳсолоти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид.
Дар кори конфренсияи мазкур, дар баробари дигар олимони машҳуру ходимони маъруф, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои об ва афзоиши талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ рушди таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолоти кишоварзӣ аҳаммияти махсус пайдо менамояд.
Иштироки раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Сайфиддин Давлатзода дар ин чорабинии илмӣ-амалӣ аҳаммияти рушди иқтидори илмӣ, дастгирии фаъолияти таҳқиқотӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, бозгӯ менамояд.
Конфренсияи мазкур, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсисёбии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида шудааст, дар таҳкими иқтидори илмии кишвар, густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва татбиқи дастовардҳои муосири илмӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад.
Дар маҷмуъ, баргузории чунин конфренсия қадами муҳим дар самти густариши ҳамкориҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти инноватсионӣ ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот буда, барои ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувори он мусоидат менамояд.

