Previous Next

МУАРРИФИИ МУОВИНИ РАИС

26 октябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими муаррифии муовини раиси Комиссия баргузор гардид.

Дар маросим Давлатзода Музаффар Салим, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Сайфиддин Давлатзода, раиси Комиссия ва ҳайати кормандони муассиса иштирок намуданд.

Зимни муаррифӣ раиси Комиссия Сайфиддин Давлатзода суханронӣ намуда, сипас, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар Салим ҳозиринро бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2026, №АП-1126 шинос намуд.

Мутобиқи амри мазкур, Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад ба вазифаи муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Зикр гардид, ки Комиссияи олии аттестатсионӣ дар низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ  нақши муҳим дошта, фаъолияти он ба таҳкими заминаҳои илмӣ ва  рушди иқтидори илмии кишвар равона шудааст.

 Дар ин замина, иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ, риояи қонунгузории амалкунанда ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои муассиса аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми фаъолияти минбаъда ба шумор мераванд.

Ба муовини навтаъини раиси Комиссия дар заминаи татбиқи сиёсати кадрии давлат ва таъмини фаъолияти муназзаму самараноки муассиса дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ  ва идомаи босамари иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Комиссия вогузоршуда барору комёбӣ  таманно карда шуд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org