Ба таваҷҷуҳи довталабони дараҷаи илмӣ ва шуроҳои диссертатсионии самти илмҳои забоншиносӣ расонида мешавад, ки барои таҳияи диссертатсия дар самти забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ тибқи шиносномаи нав, ки мувофиқ ба низоми муосири илмӣ таҳия гардидааст, амал намоянд.
Қобили зикр аст, ки шиносномаи қаблии ихтисоси мазкур бо қарори рааёсати Комиссия аз эътибор соқит гардида, мавриди амал қарор надорад.
Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки барои дастрас ва истифода намудани шиносномаи ихтисоси илмӣ ба китобхонаи электронии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бюллетени №3, соли 2026) муроҷиат карда шавад.
Суроғаи китобхонаи электронӣ: http://vakpoygohidodaho.tj/elibrary/sanad/sanad.php

