Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2026 дар сохтори роҳбарии Комиссия тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Дар ин робита, бо мақсади таъмини муттасилӣ ва ҳамоҳангии фаъолият, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таъмини иҷрои саривақтии вазифаҳои ба зиммаи Комиссия вогузоршуда, дар пайи тағйироти мазкур як қатор дигаргуниҳои кадрӣ низ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Мавзуна Каримзода, ки то ин вақт вазифаи мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятиро ба уҳда дошт, ба вазифаи саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ таъйин гардид. Ҳамзамон, Мирзоев Ашуралӣ, ки қаблан мушовири раиси Комиссия буд, ба вазифаи мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ таъйин карда шуд.
28 октябри соли 2026 раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ муҳтарам Сайфиддин Давлатзода зимни мулоқоти корӣ кормандони ба вазифаҳои нав таъйингардидаро муаррифӣ намуда, доир ба масъулият ва уҳдадориҳои хизматии онҳо, ҳадафҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда ва зарурати муносибати ҷиддӣ ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда андешаву мулоҳизаҳои худро баён дошт.
Зимни муаррифӣ таъкид гардид, ки кормандони ба вазифаҳои нав таъйингардида дорои дониш ва малакаҳои зарурии касбӣ, таҷрибаи кофии ташкилотчигӣ, масъулияти баланд, қобилияти таҳлилӣ ва маҳорати ҳамоҳангсозии корҳо буда, метавонанд дар татбиқи ҳадафҳои Комиссия саҳми назаррас гузоранд. Дар идомаи мулоқот зарурати дар фаъолияти минбаъда риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда, иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат, таъмини шаффофият, масъулиятшиносӣ ва муносибати одилона ба баррасии масъалаҳои марбут ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ таъкид карда шуд.

