Previous Next

СЕМИНАР ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ БА НОМИ М. НАЗАРШОЕВ

Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати олимони Донишгоҳи мазкур, Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови АМИТ, Маркази илмии кишоварзии назди АИКТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ семинари омӯзишиву машваратӣ баргузор гардид.

Дар семинар мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии Комиссия Самариддини Ҷамол, мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ Фазлиддин Холмуродзода ва мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрии Комиссия Мукарама Наврузшоева иштирок намуда, доир ба самтҳои дахлдори фаъолияти Комиссия маърӯзаҳои соҳавӣ пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни семинар ба масъалаҳои муҳимми соҳа, интихоби дурусти мавзуъҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ, истифодаи самараноки пойгоҳҳои иттилоотию илмӣ, таъмини аҳаммияти назариявию амалии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, вазъи нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти илмӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар қисмати музокиравии семинар иштирокдорон атрофи масъалаҳои асолат ва навгонии таҳқиқоти илмӣ, интихоби муассисаи пешбар, муайян намудани роҳбари илмӣ, инчунин фаъолияти маҷаллаҳои илмии тақризшаванда мубодилаи афкор намуда, андеша ва пешниҳодҳои худро баён доштанд.

Дар фарҷоми семинар намояндагони Комиссия ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас пешниҳод намуда, доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ тавзеҳоти зарурӣ доданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалиро дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии муҳаққиқон, такмили раванди омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ-техникии тахассуси олӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои пазироии самимӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳамкории судманд ба ҳамдигар изҳори сипос ва миннатдорӣ карданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org