Previous Next

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: МАСИРИ СОЗАНДАГӢ ВА ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

Шоми 2 ноябри соли 2026 кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кинотеатри «Ватан» филми мустанади «35 соли Истиқлол: Тоҷикистон дар масири рушд ва созандагӣ» -ро ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия гардидааст,  дастаҷамъона тамошо намуданд.

Филми мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо истифода аз наворҳои нодири бойгонӣ, далелҳои воқеӣ, мусоҳибаҳо ва тасвирҳои муосир роҳи пурифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол, марҳилаҳои муҳими давлатсозӣ, дастовардҳои назарраси кишвар ва пешрафту ободонии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар даврони истиқлолият инъикос менамояд.

Дар филм, аз ҷумла, нақши таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, расидан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар мавқеи муҳим дорад.

Маҳз бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат Тоҷикистон марҳилаҳои мураккаби давлатсозиро паси сар намуда, ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Ташаббусҳои созанда ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар самти рушди иқтисоди миллӣ, бунёди иншооти муҳими инфрасохторӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди энергетика, саноатикунонии босуръати кишвар, маориф ва илм дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир гузоштаанд.

Тамошои филм барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату миллат ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамзамон, чунин иқдомҳо барои дарки амиқтари аҳаммияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, қадршиносии хизматҳои таърихии Пешвои миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар роҳи ободонию пешрафти Ватани азиз мусоидат менамоянд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org