Дар ҳайати Шурои диссертатсионии 6D.KOA-123 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз руйи ихтисоси 6D050401 – Рӯзноманигорӣ ва 6D051601 - Рӯзноманигории байналмилалӣ тағйирот ворид гардид.
Дар асоси фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2026, №419/шд доктори илмҳои филологӣ Имомзода Мухаммадюсуф Сайдалӣ раиси шурои мазкур таъйин карда шуд, Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим-доктори илмҳои филологӣ аз вазифаи раиси шуро озод карда шуда, муовини раиси шуро таъйин карда шуд.
Доктори илмҳои филологӣ Саъдуллоев Ҷамшед Муллокомилович, ки то ин замон муовини раиси шуро буд аз вазифа озод гардида, ба ҳайси узви шуро мононда шуд. Ҷураева Мушаррафа Рустамовна, доктори илмҳои филологӣ бинобар сабаби вафоташ аз ҳайати шуро бароварда шуд.
Дар рӯнамоии ҳайати нави шурои диссертатсионӣ Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои биологӣ, профессор С. Х. Давлатзода, Саркотиби Комиссия, номзади илмҳои филологӣ М. А. Каримзода, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ Ҷ. Қ. Самариддин ширкат варзиданд.
Раиси Комиссия, профессор Сайфиддин Давлатзода баромад намуда, дар пайравӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон, ки ҷойгоҳи васоити ахбори оммаро зарурӣ таъкид намудаанд фаъолияти шурои диссертатсиониро мавриди баррасӣ қарор дод. Таъкид гардид, ки дар 12 соли фаъолияти Комиссия аз рӯйи ихтисоси мазкур 51 рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм ҳимоя гардидааст. Ҳамчунин, ҳолати гендерӣ дар ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва синну соли довталабон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар охир тавсия оид ба беҳтар кардани фаъолияти шурои мазкур дода шуд.

