Previous Next

Роҳнамо ва шиносномаи миллат

Дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид. Ҳамоиш ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дарки аҳаммияти Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа бахшида шуд.

Сараввал раиси Комиссия, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода меҳмонону кормандонро ба санаи муҳимму сарнавиштсоз-Рӯзи Конститутсия табрику таҳният намуда, саҳми ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро дар пешрафти кишвари соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики АМИТ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, ки дар таҳияи Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм дорад, дар мавзуи “Зарурат ва аҳамияти Конститутсия” маъруза намуд. Аз ҷумла ӯ иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади ҳуқуқии фарогири манфиатҳои тамоми сокинони мамлакат дар таърихи давлатдории миллати куҳанбунёдамон аҳамияти махсус дорад. Он, пеш аз ҳама, ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон асоси ҳуқуқӣ гузошта, сиёсати давлатдории миллиамонро ба низом дароварда, ҷумҳуриро ба шоҳроҳи сифатан нави давлатдорӣ ворид намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси бошукӯҳ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон бори дигар аз аҳаммияти бузурги Қонуни асосӣ барои давлату миллат ёдоварӣ намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат, «Конститутсия санади тақдирсозест, ки танҳо ва танҳо бо шарофати ақлу заковат, шуҷоату мардонагии халқ ба даст омада, маданияти баланди ҳуқуқии халқро ифода менамояд ва он тавонист асосҳои истиқлолияти давлатиро мустаҳкам намояд».

Суханронии мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Манучеҳр Сулаймонзода дар мавзуи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ” аз ҷониби ҳозирин бо мароқ шунида шуд.

Мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Ашуралӣ Мирзоев дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар соҳибихтиёрии давлат ва мустаҳкамсозии ҳокимияти давлатӣ” маъруза кард.

Дар идомаи ҳамоиш иштирокдорон иброз намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон аст. Он заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллиро ифода менамояд.

Ҷамъомад бо саволу посухҳо иштирокдорон дар руҳияи баланди ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org