Previous Next

Табрикоти Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Имрӯз ҳамаи мо баҳри он ҷамъ омадаем, ки ҷашни муҳимму муқаддаси давлати соҳибистиқлол - Рӯзи Конститутсияро ботантана таҷлил намоем. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар ҳаёти ҳар як ҷомеа нақши ниҳоят муҳим ва муайянкунанда дорад. Он асосҳои сохтори давлат, низоми ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, вазифаҳои шаҳрвандон, инчунин, принсипҳои асосии муносибатҳои давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. Маҳз тавассути Конститутсия асосҳои ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ҷомеа муайян гардида, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини волоияти қонун заминаи устувор фароҳам оварда мешавад. Барои мардуми тоҷик қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳамасола 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил карда мешавад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар аҳамияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва миллӣ дорад, зеро Конститутсия ҳамчун санади асосии давлати соҳибистиқлол роҳи рушди ҷомеа ва давлатро муайян намуда, арзишҳои муҳими давлатдориро ҳифз мекунад. Ба ин муносибат бо камоли эҳтиром ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро, самимона муборакбод менамоям.

      Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми хосса дошта, пояҳои истиқлолияти давлатӣ, низоми давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян менамояд. Он на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ, кафили волоияти қонун ва заминаи устувори бунёди ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқбунёд мебошад. Чунон ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард”.

      Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми тоҷик имконияти бузурги таърихӣ фароҳам овард, ки давлатдории миллии худро мустақилона бунёд намуда, роҳи минбаъдаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро муайян созад. Дар ин раванд зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, ки бояд ормонҳои давлатдории миллӣ, манфиатҳои мардум ва талаботи ҷомеаи соҳибистиқлолро инъикос намояд.

      Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон саҳифаи нав боз намуда, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

      Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намуда, барои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Маҳз дар партави меъёрҳои он эҳтиром ба қонун, баробарии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва масъулияти давлат дар назди ҷомеа аҳамияти махсус пайдо менамоянд.

      Яке аз арзишҳои волои Конститутсия эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Инсон, ҳаёт, қадру қимат ва манзалати ӯ арзишҳои олӣ ба шумор рафта, давлат вазифадор аст барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоиста заминаҳои заруриро таъмин намояд.

      Ҳамзамон, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои дигарон, иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва муносибати масъулиятнок ба ҷомеа вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро ҷомеаи пешрафта танҳо дар сурате рушд мекунад, ки ҳар як шахс ҳуқуқҳои худро донад, вазифаҳои худро софдилона иҷро намояд ва ба манфиатҳои қонунии дигарон эҳтиром гузорад.

      Волоияти қонун яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, риояи он барои таъмини адолат, тартибот, суботи иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, омӯзиши Конститутсия ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи қонунмеҳварӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошта бошад.

      Дар ин самт нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва тамоми қишрҳои ҷомеа муҳим мебошад. Тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст, масъулиятшинос ва қонунмеҳвар аз хурдсолӣ оғоз гардида, барои ташаккули ҷомеаи солиму пешрафта замина мегузорад. Ҷавонон, ки неруи созанда ва ояндаи миллат мебошанд, бояд бо дониш, маърифат, эҳтиром ба қонун ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.

      Конститутсия, инчунин, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ нақши бузург дорад. Таҷрибаи таърихӣ собит месозад, ки сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати мардум аз муҳимтарин омилҳои рушди устувори ҳар як давлат мебошанд. Мо бояд ин арзишҳои муқаддасро ҳифз намуда, бо эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ, меҳнати софдилона ва риояи қонун барои ободии Ватан саҳм гузорем.

      Ватандӯстӣ танҳо дар сухан ифода намеёбад, балки пеш аз ҳама дар амал, дар муносибати самимӣ ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, иҷрои масъулиятҳои касбӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа зоҳир мегардад. Ҳар як омӯзгор бо таълими босифат, ҳар як корманд бо фаъолияти содиқона, ҳар як мутахассис бо меҳнати ҳалол ва ҳар як шаҳрванд бо риояи қонун метавонад дар ободиву шукуфоии кишвар саҳми муносиб гузорад.

      Рӯзи Конститутсия барои ҳар яки мо танҳо як санаи тақвимӣ ё ҷашни расмӣ нест. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба таърихи давлатдории миллӣ назар афканем, дастовардҳои даврони истиқлолиятро қадр намоем ва масъулияти худро дар назди Ватан, ҷомеа ва наслҳои оянда амиқтар дарк кунем.

      Эҳтиром ба Конститутсия бояд ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги шаҳрвандии ҳар яки мо бошад. Донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо, риояи талаботи қонун, ҳифзи ҳуқуқи дигарон, муносибати нек бо атрофиён ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ нишонаи равшани эҳтиром ба Қонуни асосӣ мебошад.

      Мо бояд бо дарки амиқи аҳамияти Конститутсия барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолият, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саъю кӯшиш намоем. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва заҳмати созандаи ҳар яки мо вобастагии калон дорад.

      Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, бахту саодат, файзу баракат, муваффақиятҳои пайвастаи меҳнатӣ ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.

      Бигзор дар хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, эҳтирому самимият ва хушбахтӣ ҳамеша ҳукмфармо бошад. Бигзор фаъолияти пуршарафи шумо ҳамеша самараи нек ба бор оварда, барои пешрафти ҷомеа ва ободии Тоҷикистони маҳбубамон мусоидат намояд.

      Орзу дорем, ки таҳти сояи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ Ватани азизи мо боз ҳам ободу зебо гардида, нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ баландтар ва зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар шавад.

      Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org