10 ноябри соли 2026 бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили раванди омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, инчунин шиносоии муҳаққиқон бо талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи аттестатсияи илмӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-омӯзишӣ бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори семинар масъалаҳои муҳими марбут ба фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тағйиру навгониҳои асосӣ ва тартиби татбиқи амалии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар қисмати ҷамъбастии семинар иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои муҳаққиқон ва омӯзгорон аз ҷониби намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ посухҳои мушаххас дода шуданд.

