ЧОРАБИНӢ БАХШИ БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

11 ноябри соли 2026 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Комиссия ва олимони муассисаҳои илмӣ ва олии касбӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI-и таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Мавсуф, аз ҷумла, иброз дошт, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-и таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба ваҳдати миллӣ ва давлатсозии муосири Тоҷикистон ба таърихи кишвари мо ворид шудаанд. Ин ду сана рамзи наҷоти давлатдорӣ, эҳёи миллӣ ва оғози рӯзгори ободу озоди мо мебошанд.

Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ таҳкурсии давлатдории муосири моро гузошт. Маҳз, аз ҳамин ҷо низоми идоракунии давлатӣ барқарор гардид, Артиши миллӣ таъсис ёфт ва Парчами давлатӣ қабул шуд. Сарвари ҷавону ҷасури онвақта ба савганди худ содиқ монд - ҷангро хотима бахшид, гурезаҳоро ба ватан овард ва заминаи сулҳи пойдорро гузошт.

Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо саҳифаҳои хушки китоби таърих нестанд. Онҳо дарсҳои зиндаи ҳаёт, мактаби бузурги ватандӯстӣ ва чароғи раҳнамои ояндаи мо мебошанд. Ин ду мафҳум ба мо ёдовар мешаванд, ки сулҳу ваҳдат, озодӣ ва Истиқлолият бузургтарин ва гаронбаҳотарин неъматҳои ҳаёти моанд.

Ин рӯз ифодаи миннатдории мардум ба Сарвари давлат, мебошад, ки дар раванди бунёди давлатдории навин ва таҳкими асосҳои кишвар нақши муҳим гузоштааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти ҷомеа дар таърихи навини кишвари мо нақши муҳим дорад. Бо шарофати истиқлолият ва сулҳу субот имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои орому осуда зиндагӣ намуда, барои ободии Ватан, рушди илму маориф, фарҳанг ва иқтисоди миллӣ талош меварзанд. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат, истиқлолият бирасем, зеро ободии Ватан аз меҳнати содиқона, донишандӯзӣ ва масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди он вобаста аст. Хусусан, имрӯз тамоми шароитҳои зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон муҳайё гардидааст ва ба онҳо зарур аст, ки бо омӯзиши илм, аз худ намудани касбу ҳунар, бо  рафтору кирдори намунавӣ дар рушди кишвари азизи мо саҳми арзандаи худро гузоранд.

Инчунин, дар чорабинии мазкур олимону донишмандон баромад намуда, андешаҳои хешро оид ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, тамомияти арзӣ ва рушди кишвар баён намуданд.

Дар охири ҷамъомад ба як қатор довталабоне, ки корҳои илмии худро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бо муваффақият таҳия ва  дар шуроҳои диссертатсионии дахлдор ҳимоя кардаанд, бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестасионӣ ба онҳо дипломҳои дараҷаи илмӣ ва шаҳодатномаҳои унвони илмӣ супорида шуд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2015 КОА
Много шаблонов Joomla на JooMix.org