Previous Next

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – ДУ РАМЗИ ТАЪРИХИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Таърихи ҳар як миллат саҳифаҳоеро дар худ таҷассум менамояд, ки аҳаммияти онҳо фаротар аз як воқеаи алоҳида буда, ба сарнавишти давлат, ҳувияти миллӣ ва роҳи минбаъдаи рушди ҷомеа таъсири амиқ мегузоранд. Барои миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси идоракунии президентӣ маҳз аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст. Ин иҷлосия дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ баргузор гардида, барои ҳифзи давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва муайян намудани самти минбаъдаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи муҳим фароҳам овард.

16-уми ноябр дар тақвими давлатии Тоҷикистон бо ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ пайванди ногусастанӣ дорад: Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 ва савгандёдкунии нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1994. Аз ин ҷост, ки ин сана на танҳо ёдоварӣ аз гузашта, балки таҷассумгари пайванди таърихи давлатсозӣ, ташаккули низоми президентӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллӣ мебошад.

Маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба ин хизматҳои бузург, садоқат ба ватан ва эътирофи низоми идораи президентие, ки кишварро ба сӯи рушд бурд, 16-уми ноябр дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Зеро 16-уми ноябри соли 1994 Президенти ҷавони Тоҷикистон барои хидмат ба миллату ватан савганд ёд намуданд. Ин рӯзи миннатдорӣ ва садоқати як миллати сарбаланд аз Пешвои худ ва эътирофи суботу амниятест, ки имрӯз дар ҳар як хонадони тоҷик ҳукмфармост.

Барои дарки воқеии аҳаммияти Иҷлосияи XVI ва арзёбии нақши он дар таърихи навини кишвар зарур аст, ки ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем. Пас аз эълони Истиқлоли давлатӣ кишвар ба гирдоби буҳрони амиқи сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ кашида шуд. Дар натиҷаи ин вазъ фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ба таври ҷиддӣ халалдор гардида, низоми идоракунӣ ва таъмини волоияти қонун бо мушкилоти сангин рӯ ба рӯ шуд. Ҷомеа ба парокандагӣ ва ноустувории шадид гирифтор гардида, низои дохилӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум, иқтисоди миллӣ ва пояҳои давлатдории навбунёд зарбаи ҷиддӣ ворид намуд.

Дар он рӯзҳои фоҷиабор ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, шумораи зиёди сокинон маҷбур шуданд макони зисти худро тарк намоянд. Миллионҳо тақдир зери таъсири низоъ қарор гирифтанд, оилаҳо пароканда шуданд, ҳазорон кӯдак аз таҳсил ва муҳити муътадили зиндагӣ маҳрум гардиданд. Корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, соҳаи кишоварзӣ рӯ ба таназзул ниҳод ва мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирифт. Хатари аз даст рафтани истиқлоли давлатӣ ва халалдор шудани ягонагии ҳудудии кишвар воқеияти нигаронкунанда ба ҳисоб мерафт.

Маҳз дар чунин шароити мураккаб масъалаи ҳифзи давлат, барқарор намудани сохтори конститутсионӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези низоъ ба масъалаи аввалиндараҷаи ҷомеа табдил ёфт. Бо дарназардошти зарурати фаврии қабули қарорҳои муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, масъалаи даъвати Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Бо ин мақсад, иҷлосияи мазкур аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки он ба як падидаи нодири сиёсию ҳуқуқӣ табдил ёфт.

Ин иҷлосия на танҳо як ҷаласаи оддии вакилон, балки паёми таърихии миллати тоҷик ба ҷаҳониён буд, ки мо хоҳони сулҳ, ваҳдат ва зиндагии осоишта ҳастем, посухи таърих ба фиғону нолаи модарони тоҷик ва талаби қатъии халқ барои сулҳ буд. Дар ин ҳамоиши таърихӣ вакилони халқ тавонистанд манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузоранд.

Яке аз рӯйдодҳои калидии ин ҳамоиши таърихӣ 19-уми ноябри соли 1992 интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат буд. Ин интихоб дар марҳилае сурат гирифт, ки кишвар ба роҳбарияти дорои иродаи қавӣ, масъулияти баланди сиёсӣ ва омодагӣ ба қабули тасмимҳои сарнавиштсоз ниёз дошт. Ба зимма гирифтани чунин масъулият дар он шароити душвор на танҳо қабули вазифаи давлатӣ, балки бар дӯш гирифтани масъулияти таърихӣ дар назди миллат ва Ватан буд.

Суханони аввалини Сарвари ҷавони давлат аз минбари Иҷлосия ба дили миллионҳо тоҷикистониёни ноумед нуру зиё ва боварӣ бахшид. Сарвари давлат бо самимият, ҷасорат ва қатъият изҳор доштанд: «Ман корамро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам. Мо бояд ҳама якҷоя Ватани худро обод кунем. Ман ба шумо сулҳ меорам ва то даме ки як нафар гурезаи тоҷик дар хориҷ аз Ватан аст, ором нахоҳам шуд ва содиқона меҳнат мекунам».

Ин фақат як изҳороти сиёсӣ не, балки савганди садоқат ба миллат ва Ватан буд. Сарвари давлат баъд аз ин изҳорот чандин бор ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба хотири иҷрои ин ваъда қадамҳои устувор гузоштанд.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии давлатдории муосири Тоҷикистонро бунёд кард. Қонун ва қарорҳое, ки дар ин Иҷлосия қабул шуданд, барои эҳёи сохтори фалаҷшуда ва барқарор намудани низоми давлатдорӣ хидмат намуданд.

Маҳз қарорҳои созандаву бунёдкоронаи ин Иҷлосия имкон доданд, ки раванди тӯлонӣ ва мураккаби гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз гардад. Заҳматҳои шабонарӯзӣ ва садоқати роҳбарияти нави кишвар боис шуд, ки пас аз чандин соли музокироти мушкил, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расад, ки он дар таърихи ҷаҳон ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф шудааст.

Бо гузашти солҳо ва рушди давлатдории миллӣ, зарурати таърихии ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омад. 6-уми ноябри соли 1994, тавассути раъйпурсии умумӣ, Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд ва дар кишвар низоми идораи президентӣ ҷорӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути интихоботи озоду шаффоф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Низоми идораи президентӣ барои Тоҷикистон дар он давра ягона воситаи наҷот ва рушд буд, зеро барои амалӣ кардани ислоҳоти ҷиддӣ ва таъмини суботи сиёсӣ ҳокимияти устувор ва қатъии иҷроия лозим буд.

Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургу таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таъсиси низоми давлатдории муосир, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, соли 2016 бо ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид, ки ин ҷашни сохти давлатдории миллӣ, рӯзи сипосу миннатдорӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Вақте мо ба роҳи тайкардаи Ватани азизамон назар меандозем, шоҳиди дигаргуниҳои азим мегардем, ки воқеан муъҷизаи таърихиро мемонанд. Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада, хароб ва дар бунбаст қарордошта ба як давлати пешрафта, обод, зебо ва ташаббускори глобалӣ табдил ёфтааст.

Таҳти роҳбарии Президенти кишвар чор ҳадафи стратегии миллӣ ба таври муваффақона амалӣ карда мешаванд. Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об ва иқлим эътироф шудааст. Панҷ ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Имрӯз Душанбе, пойтахти маҳбуби мо, ба шаҳри сулҳ, ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва яке аз шаҳрҳои зеботарину амнтарини минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст.

Имрӯз кӯдакону ҷавонони мо дар фазои софу беғубор ба воя мерасанд, дар мактабу донишгоҳҳои муосири ҷаҳон таҳсил мекунанд ва бо ифтихор шиносномаи Тоҷикистонро дар даст доранд. Насли имрӯз, ворисони ин сарзамини биҳиштосо вазифадоранд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид бошанд, бо истифода аз илму технологияҳои муосир, барои боз ҳам ободу зебо ва қудратманд гардонидани Тоҷикистони азиз содиқона меҳнат ва эҷод кунанд.

Бигзор чароғи сулҳу ваҳдат, ки аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ оғоз шуда буд ва бо заҳматҳои Сарвари давлат ба як хуршеди тобон табдил ёфт, дар осмони Тоҷикистон то абад дурахшон бимонад!

Иҷлосияи XVI-уми тақдирсозу таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Сайфиддин ДАВЛАТЗОДА,
раиси Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2015 КОА
Много шаблонов Joomla на JooMix.org