Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои илму адаб, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарғиби фарҳангу адабиёти тоҷик бо шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш дидору мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба нақшу мақоми адабиёт дар ташаккули маърифати ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ ва арзишҳои фарҳангӣ, инчунин саҳми аҳли қалам дар рушди маънавии ҷомеа мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Шоира Фарзона дар суҳбат доир ба масири эҷодӣ, сарчашмаҳои илҳом, вижагиҳои шеъри муосири тоҷик ва масъулияти иҷтимоиву маънавии эҷодкор андешаҳои ҷолиб баён намуд. Таъкид гардид, ки адабиёт на танҳо инъикосгари ҳаёти маънавии ҷомеа, балки яке аз воситаҳои муассири ташаккули ҷаҳонбинӣ, завқи зебоишиносӣ, тафаккури созанда ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба мероси адабӣ ва тарғиби арзишҳои волои он дар тарбияи насли ҷавон ва ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳаммияти хосса дорад.
Дар навбати худ, кормандони Комиссия доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Фарзона ва Озарахш, хусусиятҳои шеъри муосири тоҷик ва нақши суханварон дар ғанӣ гардонидани фазои маънавию фарҳангии ҷомеа суолу андешаҳои худро иброз доштанд. Табодули афкор имкон фароҳам овард, ки доир ба робитаи мутақобилаи илм, адабиёт ва фарҳанг, инчунин, аҳаммияти онҳо дар рушди ҷомеа андешаҳои судманд баён карда шаванд.
Мулоқот дар фазои самимӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои илму фарҳанг, арҷгузорӣ ба аҳли адаб ва шиносоии бештар бо арзишҳои адабиёти муосири миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар фарҷоми дидор аҳаммияти баргузории чунин мулоқотҳо дар густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати адабию эстетикии ҷомеа, тарғиби осори арзишманди адибони тоҷик ва таҳкими ҳувияти миллӣ таъкид гардид.

