Previous Next

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – ДУ РАМЗИ ТАЪРИХИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Комиссия, ходимони давлатӣ, нерӯи илмӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро раиси Комиссия, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода ифтитоҳ ва ҳозиринро ба фарорасии ин ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ табрик гуфта, дар бораи аҳаммияти Иҷлосияи XVI, нақши он дар таърихи навини кишвар ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун, ҷашни сохти давлатдории миллӣ, рӯзи сипосу миннатдорӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон маъруза намуданд. Аз ҷумла,  зикр карданд, ки зери роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор ҳадафи стратегии миллӣ ба таври муваффақона амалӣ карда мешаванд. Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об ва иқлим эътироф шудааст. Панҷ ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Имрӯз Душанбе, пойтахти маҳбуби мо, ба шаҳри сулҳ, ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва яке аз шаҳрҳои зеботарину амнтарини минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст.

Сипас, ходимони давлатӣ, олим ва дипломатони тоҷик Талбак Назаров доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Рашид Олимов доктори илмҳои сиёсӣ баромад намуда, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масъалаҳои мураккаби сиёсии солҳои аввали истиқлолият, қабули қарорҳои тақдирсоз, ташаккули сохторҳои нави давлатӣ, таҷрибаи музокироти байни тоҷикон, талошҳои дипломатӣ ва саҳми намояндагони кишвар дар барқарорсозии сулҳ, роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҷаҳон, сиёсати дарҳои боз ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, нақши Роҳбари Давлат дар таърихи муосири Тоҷикистон, таъсиси низоми нави идоракунӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият ва масъулияти роҳбарони давлатӣ дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ ва ғайраҳо ҷалб намуданд.

Бояд қайд кард, ки таҷрибаи фаъолияти давлатии ин ду шахсият, ки бо марҳилаҳои муҳими ташаккули кишвари азизи мо дар даврони истиқлолият пайванди ногусастанӣ дорад, бинобар ин хотираҳо ва андешарониҳои онҳо дар бораи вазъи сиёсии солҳои аввали истиқлолият, раванди сулҳи тоҷикон, ташаккули сиёсати хориҷӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар барои муҳаққиқон ва насли ҷавон аз ҷониби аҳли нишаст хуб пазируфта шуданд.    

Инчунин, дар чорабинӣ Раҳматуллозода Эркин, Яъқубова Муҳиба Муҳсиновна  баромад намуда, андешаҳои хешро оид ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, тамомияти арзӣ ва рушди кишвар баён намуданд.

Бахши фарҳангии барнома бо иштироки ҳунармандону сарояндагони хушсалиқаи тоҷик баргузор гардида, бо иҷрои сурудҳои дилнишин ҳусни чорабиниро афзун намуданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2015 КОА
Много шаблонов Joomla на JooMix.org