ПУРСИШНОМА
Муроҷиат ба олимону муҳаққиқон!
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни арзёбии фаъолияти илмии кормандони муассисаҳои илмию таълимии кишвар, ба интишори натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста масъалаи мазкурро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Дар ин робита, бо мақсади тавсеа бахшидан ба самаранокии фаъолияти интишоротии олимони ватанӣ дар сатҳи байналхалқӣ, муайян намудани муҳаққиқони фаъол ва дараҷаи ҳавасмандгардонии онҳо аз ҷойи кори асосӣ барои нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризии пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus пурсишнома тавассути линки (https://forms.gle/p1tKwMsjzYUqNUNB9) роҳандозӣ карда мешавад.

