19 ноябри соли 2026 бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Доникадаи байналмилалии Левакант”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, саркотиби илмии Комиссия, Мавзуна Каримзода, сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ, Ҷаъфарӣ Амиршо, сармутахассиси бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия, Меҳрдод Ёров иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон, раисону котибони шуроҳои диссертатсионӣ, устодону олимон, муҳаққиқон ва унвонҷӯён иштирок намуданд.
Дар оғози семинар роҳбарияти донишгоҳ иштирокчиён ва меҳмонони ҳамоишро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабиниҳои соҳавиро дар самти рушди илм, таҳкими иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Зимни семинар масъалаҳои марбут ба такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, талаботи меъёрии омода ва ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ, тартиби фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, риояи меъёрҳои муқарраргардида ҳангоми таҳияи корҳои диссертатсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки дар шароити рушди босуръати илму технология ва афзоиши талабот ба таҳқиқоти рақобатпазир масъалаи омодасозии кадрҳои илмии соҳибтахассус, таъмини сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва такмили низоми аттестатсияи онҳо аҳаммияти хосса дорад. Дар ин замина, риояи талаботи меъёрӣ, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқот, таъмини навоварии илмӣ, саҳеҳии натиҷаҳо ва пешгирии ҳолатҳои плагиат аз омилҳои асосии баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои диссертатсионӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ доир ба талаботу меъёрҳои амалкунандаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ, масъалаҳои марбут ба омода намудани ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ, фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва нақши маҷаллаҳои илмии тақризшаванда дар муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар идомаи семинар миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои мубрами соҳа, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва раванди аттестатсияи кадрҳои илмӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-омӯзиширо иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки он барои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Комиссияи олии аттестатсионӣ, такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои диссертатсионӣ ва омодасозии кадрҳои илмии соҳибтахассус мусоидат менамояд.
Бешубҳа, баргузории чунин семинарҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, рушди неруи зеҳнӣ ва илмии кишвар, инчунин, муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Роҳбарият ва кормандони Комиссия аз Осорхонаи таърихии Пешвои миллат, ки дар он давраи таҳсил ва солҳои ҷавонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ба маърази тамошо гузошта шудааст, дидан намуда, бо маводи таърихиву ҳуҷҷатӣ ва гӯшаҳои намоишии он шинос гардиданд.

