Previous Next

АЁДАТИ АДИБ ВА АДАБИЁТШИНОСИ ШИНОХТА ИСКАНДАР ИКРОМОВ

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон роҳбарият ва кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои илму адаб, арҷгузорӣ ба хизматҳои аҳли қаламу сухан ва гиромидошти адаби  кишвар, адиб ва адабиётшиноси шинохта Искандар Икромовро аёдат намуданд.

Ин иқдом бозгӯи эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба шахсиятҳое мебошад, ки бо фаъолияти пурсамари эҷодӣ, таҳқиқоти илмӣ ва саҳми арзандаи худ дар рушду густариши илму адаб, ҳифзу тарғиби арзишҳои миллӣ ва ғанӣ гардондани ганҷинаи маънавии миллат нақши муассир мегузоранд.

Зимни мулоқот намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ аз фаъолияти илмию адабӣ ва саҳми Искандар Икромов дар рушди адабиётшиносӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки арҷгузорӣ ба аҳли илму адаб ва қадршиносии хизматҳои онҳо яке аз омилҳои муҳими ҳифзи мероси маънавӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба фарҳангу адабиёти миллӣ ба шумор меравад.

Бояд таъкид кард, ки чунин иқдомҳои неку инсондӯстона на танҳо нишонаи эҳтиром ба хизматҳои аҳли илму адаб, балки омили муҳимми таҳкими робитаҳои маънавӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва бедор намудани эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа мебошанд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj,  koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2015 КОА
Много шаблонов Joomla на JooMix.org