Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо ибтикор ва пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 расман таъсис ёфтааст. Таҷлили ин санаи таърихӣ моро водор месозад, ки ба умқи таърихи давлатдории худ назар афканем ва сарчашмаҳои парчамдории аҷдодиро аз аҳди бостон то замони Истиқлоли давлатӣ амиқтар омӯзем.
Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори шаҳрвандии ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Барои миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик парчам танҳо як матои ранга нест, балки таҷассумгари роҳи пуршебу фарози таърихӣ, муборизаҳои озодихоҳонаи ниёгон, ваҳдату сарҷамъӣ ва ормонҳои созандаи дирӯзу имрӯзу оянда аст.
Таърихи парчамдории мардуми ориёитабор ва ниёгони тоҷикон беш аз чаҳор ҳазор солро дар бар мегирад. Дар забонҳои бостонии ориёӣ барои ифодаи ин рамзи муқаддас вожаҳои «дирафш» ва «ливо» истифода мешуданд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихию адабӣ, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, нахустин парчами миллӣ ва озодихоҳонаи ниёгони мо «Дирафши Ковиён» будааст.
Тибқи ривоятҳои таърихӣ, вақте Заҳҳок бар мардум зулму ситами беандоза мекард, оҳангаре бо номи Кова бар зидди истибдод қиём кард. Ӯ пешдомани чармини худро бар сари найза кашида, мардумро ба мубориза барои озодӣ ва адолат даъват намуд. Пас аз пирӯзӣ бар Заҳҳок ва ба тахт нишастани Фаридун, ин пешдомани чармин ба нишони эҳтиром ба муборизаи халқ бо дебои зарбофту гавҳарҳои қиматбаҳо оро дода шуд ва номи «Дирафши Ковиён»-ро гирифт. Дар он рангҳои сурх, зард ва бунафш ҷой доштанд ва то замони суқути давлати Сосониён ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ ва иттиҳоди қавмҳои ориёӣ ҳифз мешуд. Имрӯз низ нақши «Дирафши Ковиён» дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, ки рамзи пайванди ногусастании давлатдории бостонӣ ва навини тоҷикон мебошад.
Дар давраи таъсиси нахустин империяи бузурги ҷаҳонӣ - давлати Ҳахоманишиён таҳти сарварии Куруши Кабир (асри VI пеш аз мелод), парчам мақоми низомӣ ва давлатии боз ҳам мушаххастар касб кард. Таърихнигорони юнонӣ, аз ҷумла, Ксенофонт дар асари худ «Курушнома», зикр намудаанд, ки дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоби заррин (шоҳини болгустурда) бар заминаи сурх ё сафед нақш ёфта буд. Уқоб дар фарҳанги ориёӣ рамзи қудрат, тавоноӣ, баландпарвозӣ, дурандешӣ ва ҳукумати одилона маҳсуб меёфт. Дар муҳорибаҳои бузург иваз шудан ё афтидани ин парчам маънои шикасти сипоҳро дошт, аз ин рӯ, муҳофизати он вазифаи муқаддастарини сарбозон ба шумор мерафт.
Дар асрҳои баъдӣ - дар давраи Ашкониён ва Сосониён (асрҳои III пеш аз мелод то VII мелодӣ) анъанаи парчамдорӣ рушд ёфт. Шоҳони Сосонӣ «Дирафши Ковиён»-ро ҳамчун муқаддастарин ганҷинаи давлатӣ нигоҳ дошта, танҳо дар маросимҳои бузурги тоҷгузорӣ ва ҷангҳои сарнавиштсоз берун меоварданд.
Дар асрҳои IX-X, дар давраи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон - давлати Сомониён, парчамдорӣ бо фарҳангу маърифати баланди давлатдорӣ пайванд хӯрд. Амирони Сомонӣ, бахусус Исмоили Сомонӣ, ба рамзҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд. Парчамҳои давраи Сомониён бештар рангҳои сафед, сабз ва сиёҳ доштанд, ки бар рӯйи онҳо шиорҳои адолатпарварӣ ва нақшҳои ҳандасию гиёҳӣ сабт мешуданд. Зери ҳамин парчамҳо давлати Сомониён ба авҷи тараққиёти илм, адабиёт ва иқтисод расид.
Дар давраҳои баъдӣ - дар замони Ғазнавиён, Салҷуқиён, Ғуриён ва Темуриён низ ҳар як сулола ва лашкар ливои хосси худро дошт. Масалан, дар давлати Ғуриён ва Куртҳои Ҳирот, ки сулолаҳои тоҷик буданд, парчамҳои ранги сурху тиллоӣ бо тасвири шери ғуррон ва хуршед истифода мешуданд.
Дар асри XX бо тағйир ёфтани сохти сиёсию иҷтимоии минтақа, шаклу мазмуни парчамҳои давлатӣ низ дигаргун шуданд. Пас аз сарнагун шудани аморат, парчами аввалини ин ҷумҳурӣ аз ду ранг - сабз ва сурх иборат буда, дар маркази он тасвири ҳилоли моҳ, ситора ва досу болға ҷойгир буд.
Бо таъсиси нахустин воҳиди миллии давлатӣ дар ҳайати ҶМШС Ӯзбекистон (солҳои 1924-1929), парчами сурхи дорои нишони давлатӣ (досу болға дар партави хуршед) қабул гардид.
Пас аз ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон (соли 1929), парчам чанд маротиба тағйир ёфт. Тағйироти ниҳоӣ 20-уми марти соли 1953 ба амал омад. Дар ин парчам бар заминаи сурх ду рахи уфуқии сафед ва сабз илова карда шуданд. Гарчанде ин парчам рамзҳои идеологияи шуравиро (ситора, дос ва болға) дошт, аммо мавҷудияти се ранги таърихӣ - сурх, сафед ва сабз дар он ҳамчун ифодагари суннатҳои фарҳангии мардуми тоҷик боқӣ монд.
9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Давлати ҷавону соҳибистиқлол ба рамзҳои нави миллӣ ниёз дошт, ки таърих, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва роҳи ояндаи миллатро таҷассум намоянд. Барои таҳияи лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ озмуни умумиҷумҳуриявӣ эълон гардид, ки дар он зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод шуд. Комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ беҳтарин тарҳро интихоб намуд, ки муаллифони он рассомон Зуҳур Ҳабибуллоев, Анатолий Заневский, Ирина Игнатушина ва таърихшинос Лариса Додхудоева буданд.
Дар давраи ниҳоят ҳассосу тақдирсози таърихӣ, вақте ки кишварро оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ, санаи 24-уми ноябри соли 1992, вакилони халқ таҳти роҳбарии Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд.
Қабули Парчами давлатӣ дар он рӯзҳои душвор рамзи оғози сулҳ, ваҳдат, эҳёи давлатдории миллӣ ва боварӣ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон гардид.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки таносуби бару дарозии он 1х2 мебошад. Он аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи болоӣ - сурх, рахи мобайнӣ - сафед (паҳноии он якуним баробари яке аз рахҳои ранга аст) ва рахи поёнӣ - сабз. Дар маркази рахи сафед бо ранги зарҳал (тиллоӣ) тасвири тоҷ ва дар болои он ҳафт ситораи панҷгӯша дар шакли нимдоира ҷойгир шудаанд.
Ҳар як ранг ва унсури Парчами миллӣ дорои фалсафаи амиқи таърихию фарҳангӣ мебошад:
Ранги сурх: Рамзи озодӣ, истиқлолият, муборизаҳои қаҳрамонона ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан аст. Дар фарҳанги ориёӣ ранги сурх нишонаи шуҷоат, мардонагӣ ва ҳаёти пурҷӯшу хурӯш ба шумор меравад.
Ранги сафед: Рамзи покӣ, беолоишӣ, ростию ростқавлӣ, сулҳу оромӣ, бахту саодат ва орзуву умедҳои неки мардум мебошад. Ин ранг, инчунин, ифодагари сарватҳои табиии кишвар, ба мисли пахта ва кӯҳҳои пурбарфи Тоҷикистон аст.
Ранги сабз: Рамзи сарсабзию хуррамӣ, ободию шукуфоӣ, кишоварзӣ, табиати зебои диёр ва абадияти ҳаёт мебошад.
Тоҷи тиллоӣ: Ифодагари соҳибдавлатӣ, истиқлолият, таърихи куҳанбунёди тоҷдории миллат ва вожаи муқаддаси «тоҷик» аст. Тибқи тафсири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тоҷ нишонаи муттаҳидӣ ва ягонагии тамоми сокинони мамлакат мебошад.
Ҳафт ситора: Дар фарҳангу тамаддуни мардуми мо рақами ҳафт муқаддас буда, рамзи бахту саодат, камолот ва некӣ аст. Дар Парчами давлатӣ ҳафт ситора, инчунин, ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии Тоҷикистонро (Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон) ифода мекунад, ки дар якҷоягӣ Тоҷикистони ягонаву воҳидро ташкил медиҳанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ба як ҷузъи муҳимми худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон табдил ёфт. 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқӣ, андоза ва тартиби истифодаи расмии Парчамро муайян мекунад.
Нишонаи олии эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ бунёди Боғи Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Душанбе мебошад. 30-юми августи соли 2011, дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар пойтахти кишвар сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр қомат афрохт, ки он замон ҳамчун баландтарин парчам дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Андозаи матои ин парчам 60 ба 30 метр ва вазни он беш аз 700 килограммро ташкил медиҳад. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдонҳо ва боғҳои Парчами давлатӣ бунёд шудаанд, ки макони баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва сайругашти сокинон мебошанд.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон аст. Ҳангоми сафарҳои расмии Сарвари давлат ба кишварҳои хориҷӣ ва дар мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонию олимпӣ бо пирӯзии варзишгарони тоҷик баланд шудани Парчами миллӣ ва садо додани Суруди миллӣ қалби ҳар як тоҷику тоҷикистониро аз ифтихору ғурури ватандорӣ лабрез месозад.
Таърихи парчамдории миллати тоҷик аз Дирафши Ковиён ва ливои Куруши Кабир сарчашма гирифта, дар тӯли ҳазорсолаҳо марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва таҳаввулро паси сар намуда, то ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Ин пайванди таърихӣ аз идомаи суннатҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории руҳияи озодихоҳиву давлатсозии миллати тоҷик дар тули таърих шаҳодат медиҳад. Парчам дар тамоми давраҳои таърихӣ на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки таҷассумгари ҳувияти миллӣ, истиқлолият ва ормонҳои таърихии мардум ба шумор рафтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Парчами давлатӣ, аз ҷумла, иброз доштанд, ки «Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ на танҳо василаи таъмини сарҷамъиву муттаҳидии мардуми тоҷик, балки омили асосии таҳкими худшиносӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид». Ин суханони пурҳикмат ҳар кадоми моро водор мекунад, ки таҳти парафшонии ин парчам бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ба дастовардҳои аз ин ҳам баландтар ноил гардем.
Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи пурифтихори миллат, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар роҳи ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ аҳаммияти хосса дорад. Ҳифзу гиромидошти Парчами давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи ин рамзи давлатдорӣ аз ҷумлаи уҳдадориҳои муҳимми шаҳрвандӣ ва маънавии ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, истиқлолияти давлатӣ пойдор ва Ватани азизамон ободу пешрафта бошад!
Сайфиддин Давлатзода,
Раиси Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

