24 ноябри соли 2026 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳаммияти Парчами давлатиро ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолии давлат таъкид карданд.
Зимни суханронӣ иброз гардид, ки Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, таҷассумгари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои созандаи мардуми кишвар мебошад. Таъкид шуд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ на танҳо нишонаи садоқат ба Ватан, балки ифодаи масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият мебошад.
Сипас, сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Файзалӣ Азиззода дар мавзуи «Парчами давлатӣ – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллат» баромад намуда, оид ба таърихи ташаккул ва мақому манзалати Парчами давлатӣ дар низоми давлатдории миллӣ маълумот пешниҳод кард.
Зикр гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳастии давлат дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мавқеи хосса дорад. Рангҳои парчам ва унсурҳои он бозгӯкунандаи таъриху тамаддун, фарҳанги давлатдорӣ, сулҳу субот ва ормонҳои неки миллати тоҷик мебошанд. Ҳамзамон, зарурати тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ таъкид гардид.
Дар идомаи чорабинӣ мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ Азиза Убайдзода дар мавзуи «Парчам – таҷассумгари нангу номус, шараф ва ормонҳои миллӣ» маъруза намуда, доир ба ҷанбаҳои маънавию ахлоқӣ ва рамзии Парчами давлатӣ сухан ронд.
Дар маъруза таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи нангу номус, шараф, ифтихор ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ буда, дар таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси масъулият дар назди давлату миллат нақши муҳим дорад. Парчам моро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамояд.
Вобаста ба мавзуи матраҳгардида кормандони Комиссия С. Сафарзод, А. Мирзоев, Ҳ. Вализода, М. Бобошоҳзода, Т. Шарифзода низ андешаҳои хешро иброз намуданд.
Дар маҷмуъ, зимни чорабинӣ иштирокчиён доир ба аҳаммияти сиёсӣ, таърихӣ ва маънавии Парчами давлатӣ андешаҳои худро баён намуда, нақши ин муқаддасоти миллиро дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонбинӣ ва рафтори ҳар як шаҳрванди ватандӯст бошад. Хусусан, кормандони соҳаи илму маориф ва муассисаҳои давлатӣ вазифадоранд, ки бо фаъолияти содиқона, масъулияти баланд ва саҳми арзандаи худ дар рушди давлатдорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ арҷ гузоранд.
Ҷамъомад дар фазои эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлоливу ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад кард.

