Previous Next

ТАТБИҚИ ФАРМОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ

Бо мақсади татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” барои кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли равон ҳафтае ду маротиба курси омӯзишии ҳатмии забони хориҷӣ (англисӣ) бо ҷалби омӯзгори баландихтисос баргузор гардида истодааст.

Ҳадаф аз ташкили омӯзиши мазкур тақвият бахшидани малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони Комиссия маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар баромаду мулоқоти худ бо намояндагони аҳли маориф ва илми мамлакат ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи меҳварӣ зоҳир мекунанд. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем».

Мавриди тазаккур аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бомаром идома дорад.

Бояд иброз намуд, ки дар омӯзиши мазкур роҳбарият ва кулли кормандони муассиса ширкат варзида, донишҳои худро бо назардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари сатҳи забондонии кормандони Комиссия дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмии техникии тахассуси олӣ тақвият мебахшанд.

Боиси зикр аст, ки дар баробари омӯзиши меъёрҳои забон, ба омӯзиши истилоҳоти соҳавии илмӣ ва муоширати мутахассисон дар доираи мавзуъҳои илмӣ диққати махсус дода мешавад.

Тибқи фармони зикршудаи Роҳбари давлат, марҳилаи омӯзишии ҳатмии забони хориҷӣ барои кормандони Комиссия ба муҳлати якуми ним сол идома меёбад.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org