ФАРҲАНГИ НОМГУЗОРИРО РИОЯ НАМОЕМ

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳанӯз ҳам парвандаҳои аттестатсионӣ ва дархостҳо бо ному насаби пурғалати имлоию забонӣ пешниҳод гардида, дар насаб, ном ва номи падарии баъзе довталабон талаботи номгузории миллӣ бо дарназардошти фарҳанги пурғановати миллӣ риоя намешавад.

Эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ва танзими номгузории шаҳрвандон дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории миллӣ ба фарзандон яке аз арзишҳои маънавии халқи тоҷик маҳсуб ёфта, аз гузаштаи дури таърихи забони тоҷикӣ маншаъ мегирад.

Мутаассифона, таҳлили мунтазами парвандаҳои аттестатсионӣ ва дигар дархостҳои ба Комиссия воридшаванда собит менамоянд, ки ҳанӯз ҳам талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба таври зарурӣ аз ҷониби довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ риоя карда намешаванд. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, №83) бояд амалӣ гардад.

Дар ин робита, бо мақсади иҷрои дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, №14136 (26.5) ба роҳбарони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбии кишвар ва довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ дастур дода мешавад, ки ҷиҳати риояи қонунгузории мамлакат ва ба танзим даровардани насаб, ном ва номи падарии довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ қабл аз ирсоли парвандаҳои аттестатсионӣ ба Комиссия вобаста ба ҳолати мазкур чораҳои мушаххас андешида шаванд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org