Санаи 20-уми сентябри соли равон маҷлисгоҳи Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории муштараки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисон ва котибони шуроҳои диссертатсионӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо кормандони соҳаи илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 баргузор гардид. Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х. дар баромади хеш вобаста ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа изҳори андеша намуд. Қайд намуданд, ки Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи илму маорифи кишвар қайд доштанд: “Мо дар ин ҷода, ба хотири он, ки ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандони худро дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ, тарбияву раҳнамоӣ кунем, бо истифода аз тамоми имкониятҳо шароити заруриро муҳайё карда истодаем”. Сипас, ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиҳо, интихоби нодурусти мавзуъҳо ва мубрам набудани мавзуъҳои баррасишаванда, мавҷуд набудани арзиши илмӣ, навишти тезис, мақолаҳои илмӣ, монография, дастурҳои таълимӣ-методӣ, интихоби нодурусти муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва тибқи талабот мувофиқ гардонидани интишороти илмии онҳо, татбиқи корҳои илмӣ дар истеҳсолот, ояндаи натиҷаҳои илмӣ, васеъ намудани пойгоҳҳои илмӣ, фаъолияти заифи аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, ташкили ғайрисамараноки ҳимояҳо тариқи маҷозӣ, таъсиси шуроҳои диссертатсионии муштарак ва аз рӯйи ихтисосҳои нодир, ҷалби ҷавонони лаёқатманду забондон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тавсияҳои судманд манзур гардид.
Президенти Академияи таҳсилот Шодӣ Сафар вобаста ба рушди илми тоҷик андешаронӣ намуда, зикр дошт, ки дар ҳақиқат илм наҷотбахши миллат ва мушкилкушои зиндагии инсонӣ аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус касб намуд. Дастоварди арзишманди замони соҳибистиқлолӣ ба забони илм мубаддал гардидани забони тоҷикӣ мебошад.
Мудири шуъбаи аттестатсионии самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Вализода Ҳ. дар баромади худ вобаста ба дурнамои соҳа андешаҳои судманд иброз намуда, оид ба таъсиси шуроҳои ҳамоҳангсозии мавзуъҳои илмии диссертатсияҳо, ҷонибдорӣ аз таъсиси шуроҳои диссертатсионии муштараки дохили ҷумҳурявӣ бо ҷалби мутахассисон аз хориҷи кишвар дар самти ихтисосҳои психология, геология, технология, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон ва фанҳои дақиқ, таъсиси маҷаллаи илмии байналмилалии “Фурӯғи илм” дар Комиссия дар бахшҳои
- илмҳои риёзиву табиӣ ва техникию муҳандисӣ
- илмҳои тиббӣ ва биологию кимиё
- илмҳои ҷомеашиносӣ гуманитарӣ қайд намуд.
Сармутаххасиси шуъбаи аттестатсионии самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Каримова М. бо истифода аз рӯнамо камбудиҳои ҷойдоштаи шуроҳои диссертатсиониро қайд намуда, ҷиҳати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ махсусан таъкид дошт.
Дар охир миёни иштирокчиён муколаи афкор суръат гирифта, ба саволҳои аз ҷониби раисону котибони шуроҳои диссертатсионнӣ додашуда, аз тарафи масълини КОА посухи мушаххас гирифта шуд.