Санаи 03.10.2024 дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» бо иштироки раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ муҳтарам Давлатзода С.Х., муовини раис Шарифзода М.М., кормандони муассиса ва олимони соҳа, доктори илмҳои филологӣ, академики АМИТ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ва доктори илмҳои филологӣ Мухторов Зайниддин баргузор гардид.
Дар оғоз раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Давлатзода С.Х. бо иқтибос аз суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад». Ҳамчунин, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ изҳор доштанд, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст. Имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофар идома дода истодааст.
Дар навбати худ, доктори илмҳои филологӣ, академик Имомзода М.С. оид ба нақши забони давлатӣ дар таҳкиму такомули давлатдории тоҷикон ва пайдоиши хату навиштаҷотҳои забони қадимаи тоҷикӣ - форсӣ маълумоти ҷолиб пешниҳоди ҳозирин намуда қайд кард, ки барои побарҷо нигоҳ доштани забон пеш аз ҳама моро месазад, ки дар радифи дӯст доштани фарҳангу тамаддун, расму ойин ва дигар самтҳои муҳими давлатӣ забонро муқаддас донем ва ҳифз кунем.
Доктори илмҳои филологӣ Мухторов З. доир ба тозаву озода нигоҳ доштани фонди луғавии забони тоҷикӣ, таҳқиқи мафҳуму истилоҳоти соҳавӣ ва таълифи фарҳанги истилоҳоти соҳавӣ ибрози андеша намуда ҷойгоҳи забони давлатиро дар бунёди мактабҳои илмии миллӣ муҳим арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми ҳамоиш раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ муҳтарам Давлатзода С.Х. ҳозиринро бори дигар бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» табрик намуда, хонаободиву тандурустӣ ва дар пешбурди фаъолият дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ бурдбориҳо таманно намуд.