14 июни соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33) ҳимояи диссертатсияи Хидирова Шаҳноза Расулҷоновна дар мавзӯи «Иштироки занон дар равандҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

10:34, 25th May 2019
«  Май 2019  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031