ТАВАҶҶУҲ!

ИҚТИБОС
АЗ СУРАТҶАЛАСАИ РАЁСАТИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз  29 апрели соли 2021, №4                                                           ш. Душанбе

 

Оид ба асолати диссертатсияҳои
самти илмҳои табиӣ-техникӣ ва риёзӣ

Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба асолати диссертатсияҳо, 

қарор мекунад: 

  1. Асолати матни диссертатсияҳои равияҳои илмҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ, бо бекор кардани модулҳои азнавбаёнкунӣ бояд аз 80% (бо дарназардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ) кам набошад.
  2. Асолати матни автореферати диссертатсияҳои равияи илмҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ, бо бекор кардани модулҳои азнавбаёнкунӣ бояд аз 85% (бо дарназардошти то 10% иқтибосҳои саҳеҳ) кам набошад.
  3. Дар ҳолати ҷавобгӯ набудан ба талабот, бе баррасии шӯроҳои экспертии самти илмҳои мазкур аз шуъбаи аттестатсионии Комиссия ба ҳимояи такрорӣ баргардонида шаванд.
  4. Баррасии хулосаҳои манфии барномаи “Антиплагиат”, ба диссертатсияҳое, ки  асолаташон аз 80% паст (автореферати диссертатсия аз 85% паст) мебошанд, дар комиссияи дохилиидоравӣ таҳлил шуда, қарори ниҳоии онҳо дар протокол ба тасвиб расонида шавад.
  5. Иҷрои қарори мазкур аз 1 майи соли 2021 ба роҳ монда шавад.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаҳои аттестатсионии дахлдори Комиссия вогузор карда шавад.

 

Раис                                                                     А. Розиқзода

Котиби илмӣ                                                         Ш. Бозоров

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

11:19, 22nd September 2021
«  Сентябр 2021  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930