14 июни соли 2019, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ҳимояи диссертатсияи Шералиев Абдутолиб Қосимҷонович дар мавзӯи «Ташаккулёбии механизмҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон таввасути нақлиёти ҳавоӣ (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 05.02.22 – Ташкили истеҳсолот (тибқи соҳаҳо) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734024, ш.Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, 44 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

02:10, 20th March 2019
«  Март 2019  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31