Ба раисони шӯроҳои диссертатсионӣ ва шӯроҳои экспертӣ!

Фарорасии Наврӯзи оламафрӯз – Иди баҳори нозанину фархундапайро ба Шумо самимона табрику таҳният мегӯем.

Имсол ҳам Наврӯзи эҳёгару хушқадам бо шукуҳу шаҳомати хоси худ ба сарзамини зебоманзару биҳиштосои тоҷикон бо пайки шодию сурур, муждаи оғози зиндагии тозаи кавну макон, бо навгониҳо ва навпардозиҳои худ ворид гардида, ба дилҳо умеди навро барои зиндагию созандагӣ арзонӣ медорад.

Кишвари азизамон, ки гаҳвора ва хостгоҳи Наврӯз аст, бо кору заҳмати пурсамар ва фидокоронаи мардум бо сарварӣ ва раҳнамунҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ободу зебо гардида, дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар пешбурд ва таҳкими сарвати гаронарзиши илмию ақлонии кишвар ба дастовардҳои назаррас дар тарбия ва омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ ноил гардида, ба баланд шудани обрӯи Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад намуд.

Омада Наврӯз чунин бомдод,
        Омаданаш фарруху фархунда бод!

Ба Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар пешбурди корҳои эҷодию илмӣ комёбиҳои беназир орзумандем.

Бо арзи эҳтиром:        

                             
                                     Розиқзода А.Ш. – раиси КОА  
                                     назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Тақвим

02:35, 18th August 2019
«  Август 2019  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031