Ба диққати раисони шӯроҳои диссертатсионӣ расонида мешавад, ки муҳлати охирони қабули ҳисоботи солонаи шӯроҳо барои соли 2019 санаи 5 январи соли 2020 муайян шудааст.

Хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири сари вақт омода намудани ҳисоботи солонаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешкаш намудани он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъан то санаи муқарраршуда, тибқи талаботи нақшаи зерин ҳисоботҳои шӯроҳо омода ва ба КОА расонида шавад:

  1. Шӯрои диссертатсионӣ (ШД) дар назди кадом муасссиса, кай ва аз рӯйи кадом ихтисосҳо (рамз ва номи ихтисосҳо) таъсис дода шудааст.
  2. Шумораи ҳайати ШД, раис, муовини раис ва котиби илмии он, вазъи иштироки аъзои ШД дар ҷаласаҳои шӯро.
  3. Тағйирот дар ҳайати ШД дар давраи фаъолияти он, сабабҳо.
  4. Тамдиди муҳлати фаъолияти ШД, аз кай то кай.
  5. Миқдори диссертатсияҳои ҳимояшуда: ҳамагӣ, доктори фалсафа (Phd)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзадӣ, докторӣ, аз ҷумла ҷавонони то 30-сола ва занҳо бо пуркунии ҷадвали зерин:
  6. Хулосаҳои таҳлилӣ вобаста ба диссертатсияҳои беҳтарини дар давоми сол ҳимояшуда аз рӯйи мубрамияти мавзӯи таҳқиқотӣ, навгонии илмӣ, хулосабарориҳои илмӣ, пешниҳодот оид ба татбиқи натиҷаҳо дар истеҳсолот, асолати матни диссертатсия, сифати забони илмии кор, имло, грамматика, риояи талаботи техникӣ ва барасмиятдарории он тибқи талаботи низомномаҳо ва дастурамалҳои КОА аз нигоҳи ШД.
  7. Корбарии ШД вобаста ба ислоҳи камбудиҳои низомномавии содиршуда ва эродҳои расмии КОА нисбат ба таъйин намудани экспертони дохилии ШД, муқарризони расмӣ, муассисаи муқарриз, гузоштани эълон оид ба ҳимояи диссертатсияи довталаб, матни диссертатсия, автореферати он, тақризҳо ва протоколҳои зарурӣ дар сомонаҳои КОА ва муассисаи дахлдор.
  8. Хулосаҳо ва пешниҳоду таклифҳо оид ба беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ШД ва КОА. 

 

Тақвим

06:53, 11th December 2019
«  Декабр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031