15 марти соли 2017 дар толори КОА маросими муаррифии аъзои Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳайати Раёсатро ба корманди КОА президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ муаррифӣ намуд.

Баъди анҷоми маросими муаррифӣ дар ҳузури аъзои Раёсат суҳбати муфиди президенти АИ ҶТ бо роҳбарону масъулони КОА сурат гирифт. Дар ҷараёни он оид ба масъалаҳои мубрами давраи оғози фаъолияти ин ниҳоди навтаъсис ва мушкилиҳои ин давра мубодилаи афкор барпо шуд.

Оид ба масъалаҳои таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ, додани унвонҳои илмӣ, тартиби амалисозии баробарарзишии дипломҳои дараҷаҳои илмӣ, ҳимояи диссертатсияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва ғайра тавсияҳо ва пешниҳодҳо дода шуд. Президенти АИ ҶТ иброз дошт, ки Академияи илмҳо ҳама гуна ҳамкориҳои муасирро роҳандозӣ хоҳад намуд.

Дар хотима раиси КОА ба президенти АИ ҶТ ва ҳайати Раёсати КОА барои ин муколамаи арзишнок изҳори сипос намуда, ҳозиронро бовар кунонд, ки КОА тамоми саъю кӯшишро барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда равона хоҳад кард.  

 

 

Тақвим

03:59, 23rd October 2019
«  Октябр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031