ТАВАҶҶУҲ!

Ба диққати роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, раисони шӯроҳои диссертатсионӣ, котибони илмии шӯрои олимони муассисаҳо, довталабони дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор) расонида мешавад, ки аз 1 майи соли 2020 баррасии парвандаҳо (дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, баробарарзишӣ, аттестатсияи такрорӣ, таъсиси шӯрои диссертатсионӣ, тамдиди фаъолияти ШД, бақайдгирии маҷаллаҳо) ва дигар намуди хизматрасониҳо, тибқи нархномаи нави хизматрасониҳои давлатии пулакии КОА, ки бо Ҳадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Ба диққати котибони илмии шӯрои олимони муассисаҳо ва котибони шӯроҳои диссертатсионӣ расонида мешаванд, ки таваҷҷуҳи бештарро ба бандҳои 1,4; 2,3; 2,4; 3,3 ва 3,4 хизматрасониҳои пулакӣ диҳанд.

Замима: Нархнома

Роҳбарияти КОА

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

16:02, 29th July 2021
«  Июл 2021  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031