- Пурра
-
Санаи нашр: 14. Декабр 2022
-
611
Таърихи 9-уми декабри соли 2022 дар толори Маркази илмӣ-инноватсионии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрии раис ва намояндагони Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҳайати профессорон, олимон ва аспирантону унвонҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрӣ раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. оид ба фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи муфассалро ба ҳозирин пешниҳод намуд. Иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ аз раис ва намояндагони Комиссия ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.