Комилиён Файзалӣ Саъдулло – муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози фанҳои информатика ва технологияи иттилоотии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ф.С. Комилиён хатмкардаи шуъбаи риёзиёти татбиқии факултети механикаю риёзиёти ДМТ (Душанбе, 1978) ва аспирантураи Академияи илмҳои СССР (Москва, 1984) мебошад. Соли 1985 рисолаи номзадӣ, соли 2004 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Таҳқиқоти мушаххаси илмии ӯ ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тарҳрезии компютерии экосистемаи обанборҳову ҳавзҳои моҳипарварӣ бахшида шудааст. Ӯ дар ин самтҳо 14 монографияи илмӣ ва миқдори зиёди мақолаҳоро ба нашр расонидааст. Теъдоди асарҳои илмӣ-методиаш наздик ба 300-то буда, қисми зиёди онҳо дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии ҷаҳон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Олмон ва ғайра) нашр шудаанд. Ӯ аз рӯи самтҳои таҳқиқотии худ 6 нафарро то зинаи номзади илм ба воя расонидааст.

Ф.С. Комилиён муаллифи зиёда аз 25 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, касбии ибтидоиву миёна ва таҳсилоти умумӣ, зиёда аз 30 барномаи фаннӣ ва 10 васоити таълимӣ мебошад. Соли 2006 ҳамчун ғолиби озмуни муаллифони китобҳои дарсӣ ба муддати як моҳ дар ИМА таҷрибаомӯзии касбӣ гузаштааст.

Ӯ яке аз сермаҳсултарин муаллифони китобҳои дарсиву воситаҳои таълимӣ ва ҳамчун мутахассиси барҷастаи соҳаи информатика ва технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Китобҳои таълимии «Информатика», «Информатика ва технологияҳои иттилоотӣ», «Информатикаи татбиқӣ», «Асосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарор», «Асосҳои техникаи компютерӣ», «Технологияи иттилоотӣ», «Забонҳои барномарезӣ», «Компютер ва иттилоот», «Технологияҳои компютерӣ», «Технологияҳои тарҳрезии системаҳои иттилоотӣ», «Шабакаҳои компютерӣ ва сомонасозӣ» ва ғайра, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, имрӯз китобҳои рӯимизии садҳо ҳазор мактаббачагон, донишҷӯён ва омӯзгорони ин фанҳо гаштаанд. Таҳти сарварии ӯ стандарт ва барномаи таълимии фанҳои информатика (барои мактабҳои олӣ) ва технологияи иттилоотӣ (барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ) эҷод шудааст.

 

Тақвим

17:11, 21st August 2018
«  Август 2018  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031