19 декабри соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10, ошиёнаи 5, толори Шӯрои олимони факултети филология) ҳимояи диссертатсияи Мирзоева Фарзона Мирзоевна дар мавзӯи “Пайдоиш ва ташаккули сарчашмаҳои иттилоотии англисӣ дар Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Журналистика баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, пр. Рудакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

07:53, 23rd January 2020
«  Январ 2020  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031