ТАВАҶҶУҲ!

ИҚТИБОС
АЗ СУРАТҶАЛАСАИ РАЁСАТИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз  25 феврали соли 2021  №2                                                           ш. Душанбе

 

Оид ба асолати диссертатсияҳо 

Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба асолати диссертатсияҳо,

қарор мекунад:

  1. Диссертатсияҳое, ки асолаташон аз 75% (бо назардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ) паст (автореферати диссертатсия на кам аз 80% (бо назардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ)) мебошад, бе баррасии шӯроҳои экспертии самти илмҳои мазкур аз шуъбаҳои аттестатсионии Комиссия ба ҳимояи такрорӣ баргардонида шаванд.
  2. Барои баррасии хулосаҳои манфии барномаи “Антиплагиат”, ба диссертатсияҳое, ки  асолаташон аз 75% (бо назардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ) паст (автореферати диссертатсия на кам аз 80% (бо назардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ))  мебошад, комиссияи дохилиидоравӣ таъсис дода шавад.
  3. Иҷроиши қарори мазкур аз 1 марти соли 2021 ба роҳ монда шавад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаҳои аттестатсионии дахлдори Комиссия вогузор карда шавад.

 

                          Раис                                                                     А. Розиқзода
                          Котиби илмӣ                                                        Ш. Бозоров

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

17:13, 15th August 2022
«  Ноябр 2022  »
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930