ТАВАҶҶУҲ!

21 июни соли 2019, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А, толори маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Зоиров Фирӯз Баҳронович дар мавзӯи «Арзёбии маҷмаавии бехатарии экологии сохтмони «сабз» дар ҳудуди мубодили шаҳршавӣ (дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 03.02.08 – Экология, баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО, ГЭ ва Э АИ ҶТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кўчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

09:41, 17th September 2021
«  Сентябр 2021  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930