- Пурра
-
Санаи нашр: 04. Январ 2023
-
779
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия) ба иттилои раисон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ мерасонад, ки 6 январи соли 2023, соати 13:30 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (дар шафати бинои Комиссия) маҷлиси ҳисоботии солонаи Комиссия баргузор мегардад.
Дар кори маҷлис иштироки раис ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ ҳатмист.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Чапаев, 8.
Тел: (+992) 227 65 50