Дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода иштирок ва баромад намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ Розиқзода А.Ш. дар оғози суханронии худ қайд намуд, ки дар асоси нақшаи корӣ ва барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ аз 4 январи соли 2023 имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассиса маҷлиси ҳисоботӣ доир мегардад. Дар маҷлис ҳамаи 11 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Ба рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин пешниҳод шуданд:

  1. Ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии хизбии МуассисаидавлатииКомиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” - “КОА” барои соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023.
  2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2023.
  3. Иваз намудани номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ.
  4. Иваз намудани котиби ташкилоти ибтидоӣ.
  5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Ҳамин тариқ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзодасуханро барои қироати ҳисобот ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КОАРозиқзода Абдулҳаким Шералӣ дод.

Раиси ташкилот Розиқзода А.Ш. дар баромади худ қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” - “КОА” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти худро баҳри ҳадафмандона таблиг намудани мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришхои сохторҳои болоии ҳизб, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ бо роҳи расонидани иттилооти мукаммалу саривақтӣ ба аъзо, масъулин ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ амалӣ менамояд.

Ташкилоти ибтидоӣ соли 2023 ба 15 нусха нашрияи марказии ҳизб “Минбари халқ” ва 15 нусха ба нашрияи шаҳрии ҳизб “Мароми пойтахт” обуна мебошад. Дар назди ташкилот гуруҳи таблиғотӣ аз ҳисоби олимони лаёқатманд таъсис ёфтааст, ки ҳамчун нерӯи таблиғотӣ истифода мешаванд. Дар соли 2022 гуруҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ тибқи нақшаи кории Комиссия бо ҳайати олимону профессорон, докторанту магистрантон, аспирантону унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳию металлурии Тоҷикистон ва ғайра вохӯрию суҳбатҳои муфид анҷом дод.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар мамлакат 70шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд. Дар самти ҳимояи диссертатсияҳо, аз ибтидои фаъолияти Комиссия то 31 декабри соли 2022 барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 1757 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шудааст. Аз ин теъдод 142 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1504 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 111 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад.

То 31 декабри соли 2022 ба 502 нафар занон, 323 нафар кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, 1117 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 32 нафар шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва 34 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дараҷаи илмӣ дода шудааст.

Муҳаққиқон метавонанд, ки дар 49 маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои илмии худро ба нашр расонанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 5294 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 862 нафар доктори илм ва 4432 нафари номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

Ҳамзамон, вобаста ба супоришҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи илму маориф, эълон намудани солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ва солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” то имрӯз 309 нафар кадрҳои баландпоя омода шудаанд. Аз ҷумла, 17 доктори фалсафа, 26 доктори илмҳои техникӣ ва 266 номзади илмҳои техникӣ.

Дар доираи иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассиса ба қисми ҳарбии 02/615 Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маводи яквақтаи ғизоӣ кӯмак расонид.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КОА” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб ва сохторхои болоии он баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар музокира Гулаҳмадов Ҳ.Ш. -узви ҳизб, раиси иттифоқи касабаи Комиссия, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ, математикӣ ва техникӣ, доктори илмҳои техникӣ қайд намуд, ки ҲХДТ ҳизби пешсаф буда, ҳизби бонуфуз ба ҳисоб меравад. Дар асл, ин ҳизби созанда ва мардумӣ мебошад. Мавсуф қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КОА” дар оянда низ ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи ҲХДТ ва Раиси онро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд. Пешниҳод гардид, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КОА” дар соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ карда шавад.

Маъруфӣ Р.Н. - узви ҳизб, саркотиби илмии Комиссия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ зимни музокираи масъала иброз намуд, ки ҲХДТ ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзояш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозад. Гуфта шуд, ки Комиссия зери партави ҳизбамон дар муддати кутоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар баробари вазифаҳои вобаста ба фаъолияти ҳаррӯза, роҳбарияти Комиссия дар ташвиқи ғояҳои ҳизб дар байни олимон корҳои муайянеро анҷом медиҳад. Пеш аз ҳама, ин вохуриҳо бо олимони муассисаҳои таълимӣ-омӯзгорӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Номбурда таклиф намуд, ки сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон зиёд шавад ва фаъолияти ташкилоти ибтидоии “КОА” мусбат арзёбӣ гардид.

Ҳамин тариқ, вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома қарори дахлдор қабул гардид.

Бо баррасӣ ва овоздии якдилонаи аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2023 иборат аз 20 банд тасдиқ гардида, қарор қабул шуд.

Раиси ташкилот Розиқзода А.Ш. масъалаи сеюми маҷлисро дар бораи иваз намудани номи ташкилоти ибтидоии ҳизбии Комиссия эълон намуд. Таклиф шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатииКомиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” минбаъд аз “КОА” ба “Ҳикмат” табдили ном карда шавад.

Пешниҳоди мазкур пазируфта шуда, бо инобати райъи якдилона аъзои ҳизб қарори дахлдор қабул гардид.

Масъалаи навбатии рӯзномаи маҷлис - иваз намудани котиби ташкилоти ибтидоӣ эълон гардид. Раиси ташкилот бо қаноатмандӣ аз фаъолияти котиби ташкилот Б.Муминзода изҳор дошт, ки номбурда тӯли чанд сол дар ин масъулият кор карда, нуфузи ҲХДТ-ро дар байни коллективи меҳнатӣ боло бурд. Барои фаъолияти хубу намунавӣ ба ӯ миннатдорӣ изҳор гардида, тариқи овоздиҳӣ котиби нави ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб шуд.

Дар масъалаҳои ҷорӣ қабули ҷавонон ба сафи ҳизб баррасӣ гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки барои узвият дар ташкилоти ибтидоӣ 2 нафар кормандони Комиссия иродаи сиёсии худро муайян карда, барои узвият дар ҳизб ариза пешниҳод кардаанд.

Ҳамин тариқ, ба Қодирзода Рисолат Сияршо ва Назармамадова Нурия Илназаровна дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода шаҳодатномаи узвияти ҲХДТ супорида шуд.

Бо ҳамин, маҷлиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ пӯшида эълон гардид.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

00:55, 2nd February 2023
«  Март 2023  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031