ТАВАҶҶУҲ!

Имрӯз дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона ба ифтихори Рӯзи Модар доир гардид.

Дар оғоз раиси Комиссия Абдулҳаким Розиқзода баромад карда, иброз намуд, ки ҳамин субҳ Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар нашр шуд ва он саршор аз эҳтиром, арҷгузорӣ, самимияту садоқат, меҳру муҳаббат ва як ҷаҳон хушҳоливу шодмонӣ нисбат ба зан-модар мебошад.

Гуфта шуд, ки дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон саҳми Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон барҷаста ва бағоят бузург аст.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати кишвар нисбат ба занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад.

Иброз гардид, ки Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерубахши рӯҳу ҷон, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, сидқу сафо, муҳаббати беинтиҳо, такягоҳу дардошно, пайвандгари наслҳо ва идомабахши насли инсон аст. Мо худро зодагони модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндагони яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё меҳисобем. Мардуми тоҷик ва ҳам аҳли башар ба Модар – ҳастии беҳамто арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш сари таъзим фуруд меоранд.

Итминон карда шуд, ки модарону занони муҳтарам минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқ ва таҳкими оила ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд ва ҷашни бузурги миллӣ – сиюпанҷсолагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор пешвоз мегиранд.

 

Аз номи Раёсат ва кулли кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувони азизро бо фарорасии фасли зеботарини сол - Баҳори оламафрӯз ва Рӯзи Модар шодбош мегӯем.

Идатон муборак, модарону хоҳарони азиз!

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

21:05, 27th March 2023
«  Апрел 2023  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30