1-уми феврали соли 2017 барои омӯзиши ҳамаҷониба ва баррасии масъалаҳои марбут ба таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ бо ташаббуси Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат доир гардид.

Дар чорабинии мазкур  тақрибан 70 нафар намояндагону коршиносони соҳаҳои гуногуни илм аз Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва мактабҳои олии мамлакат иштирок намуданд. Муҳокимаю баррасии  масъалаҳо, саволу ҷавоб ва баҳсу табодули aфкори ҷиддӣ гувоҳи он буд, ки чунин семинар-машварат хеле зарур ва бамаврид ташкил карда шудааст. Дар ҷараёни кори семинар-машварат иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳо қаноатбахш гирифтанд.

 

Тақвим

10:52, 1st June 2020
«  Июн 2020  »
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930