Ба роҳбарони муассисаҳои олии касбӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, раисону аъзои шӯроҳои диссертатсионӣ ва экспертӣ!

Роҳбарият ва кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои судманд бо Шумо арзи сипосу қаноатмандӣ намуда, фарорасии соли нави мелодиро ба ҳар яки шумо шодбош гуфта, сиҳатмандию хотирҷамъӣ, рӯзгори хушу осуда ва дастовардҳои наву тозаи илмию эҷодиро таманно дорем.

Сиёсати маърифатсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди илму фарҳангро яке аз омилҳои калидии пешрафти кишвари азизамон дар марҳилаи кунунӣ дониста, беш аз пеш таваҷҷӯҳро ба олимону эҷодкорон равона сохтааст ва шароити заруриро барои баланд бардоштани потенсиали илмии кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста фароҳам оварда истодааст.

Бо умеди дастовардҳои нави илмию эҷодӣ Соли нави мелодӣ ба Шумо ва пайвандонатон фархунда бод!

 

 

Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Тақвим

07:11, 29th March 2020
«  Март 2020  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031